Ҳудуди 80 ҳазор муштарии об дар шаҳри Душанбе бо ҳисобкунакҳои нави обӣ таъмин хоҳанд шуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези шаҳри Душанбе» иттилоъ доданд, айни ҳол ҳамаи масоили вобаста ба маблағгузорӣ ҳал шуда, насби ҳисобкунакҳои нав дар пойтахт ду моҳ пас оғоз мешавад: «Дар ҳоли ҳозир дар Душанбе, ҳамагӣ 9 ҳазор муштарӣ бо ҳисобкунаки об таъмин мебошанд. Шумораи умумии муштариён дар пойтахт 760 ҳазорро ташкил медиҳад. Барои муштариёне, ки ҳисобкунак доранд, аз 15 –уми октябр як метри мукааби об бо нархи 32 дирам фурӯхта мешавад».Аз муштариёне, ки ҳисобкунак надоранд, намояндагони «Обу корези шаҳри Душанбе» аз рӯи ҳисоби 360 литр об сари як нафар дар як рӯз маблағ гирифта истодаанд.
Масъулини «Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон» мегӯянд, муштариёне, ки фикр мекунанд, маблағи обро аз онҳо барзиёд гирифта истодаанд, метавонанд талаб кунанд, ки барояшон ҳисобкунак насб намоянд. Насби дастгоҳи ҳисобкунанда ба гуфтаи онҳо вазифаи ниҳоди хизматрасон аст.{jathumbnail off}