(ВИДЕО) Сокинони “Асфалтний”: Аз манзилҳоямон намеравем, агар...
Сокинони кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, маҳаллаи мавсум ба “Асфалтний” ки қарор аст, ҷойи хонаҳои зисташон иншооти давлатие бино шавад, аз ҳукумат ва афроди масъул хоҳиш доранд, арзиши манзилҳояшон ба нархи феълии бозор ҳисоб шавад ё бо манзили зист таъмин гарданд, дар ғайри сурат манзилҳои худро тарк нахоҳанд кард.
Бархе сокинони ин кӯча мегӯянд, маблағи пешниҳоднамудаи давлат бар ивази арзиши манзилҳояшон хеле ночиз аст. Ба гуфтаи ин сокинон барои гирифтани ин миқдор пул розӣ нестанд. Аммо намояндаи Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ рӯзи якуми июн зимни гуфтушунид бо сокинони ин маҳалла иброз дошт, қарори нархномаҳои манзилҳои маҳаллаи номбурда аз моҳи декабри соли 2014 тасдиқ шуда, тағйир дода намешавад. Сокинон мегӯянд, замони тасдиқ шудани қарори мазкур, 100 доллар ба 520 сомонӣ баробар буд, дар ҳоле ки имрӯз ба таври қобили мулоҳиза тағйир ёфтааст.
Робия Одинаева, истиқоматкунандаи маҳаллаи номбурда дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, арзиши хонааш зиёдтар аз маблағи пешниҳоднамудаи масъулин аст: “Хонаамро бо қарзи бонк бунёд кардам ва то ҳол маблағи бонкро пардохт мекунам. Ман худам корманди “ДЭУ” ҳастам ва маошам 700 сомонист, ки ба хурду хӯрок, сарфаҳои дигари оила намерасад ва барои пардохти қарзам боз дар чанд ҷои дигар кор мекунам”.
Сокинон мегӯянд, тамоми хонаҳояшон санад дорад ва қисми бештари онҳо замони раиси шаҳр будани Мақсуд Икромов қарори сохтмони хонаҳояшонро дарёфт кардаанд. Ҳоло дар нархномаи мақомот танҳо мавзеи манзилҳо ворид шудааст ва қитъаҳои замини назди хонаҳояшон, ки санади онро низ доранд, вориди нархгузорӣ нагаштааст. Ба гуфтаи онҳо, ба ҳеч ваҷҳ розӣ нестанд, ки арзиши хонаҳояшон ба ин андоза кам мушаххас шавад ва онҳо натавонанд, ки хона бихаранду зану фарзандонашон сари роҳ бимонанд. Дилрабо Гулмуродова, сокини дигари маҳалла мегӯяд, хонааш 163 метри мураббаъ буда, дуошёна ва дорои 12 ҳуҷра аст: “Онро ҳамагӣ 50 ҳазор доллар нарх гузоштаанд, ки ҳатто як манзили дуҳуҷраӣ харида намешавад”.
Сайрам Бахшиева, сокини дигари маҳалла мегӯяд, аз маблағҳои ҷудошуда барои манзилҳояшон умумман қаноатманд нест: “Мо ҳам фарзандони ин давлат ҳастем, аз дигар ҷой наомадаем. Тӯли 70-80 сол аст, ки дар ин макон зиндагӣ дорем ва зиёда аз 30 сол аст, ки дар “ДЭУ” кор мекунам. Бинобар ҳамин аз ҳукумат хоҳиш дорем, ба ивази хонаҳоямон ё хона ва ё маблағи хубтар диҳад, ки барои хариди хона кифоя кунад. Мо дигар тоқати давутоз надорем. Мо хонаҳои ободу заминҳои ҳамворро аз даст медиҳем, на санглохро”.
Ин сокинони маҳаллаи мавсум ба “Асфалтний” мегӯянд, аз тасмими мақомот барои кӯчонидан мухолиф нестанд, вале талаб доранд, ба онҳо баробар ба арзиши хонаҳояшон пул ва ё манзил барои иқомат дода шавад. Алибахш Бахшиев, сокини 64-солаи ин маҳалла мегӯяд, мақомот арзиши хонаи ӯро 300 ҳазор сомонӣ муаяйн кардаанд, ки бисёр ноодилона аст: “Мо, дар ин хона 18 нафар зиндагӣ мекунем. Ман бо ҳамсарам, се писарам бо зану фарзандонашон ва ду набераи ятимам. Хонаи ман, ки танҳо ҷойи шишташ бештар аз 170 метри мураббаъ мебошад, барои ҳар метри мураббаш, тақрибан 200 долларӣ нарх гузоштаанд, ки бо ин маблағ ҳатто як хонаи дуҳуҷрадор харида наметавонем. Ба ин дараҷа ҳам набояд бошад, халқро ҳам фикр кардан даркор аст. Чор танга медиҳанду бирав, куҷое, ки хона ёфтӣ, куҷое, ки замин ёфтӣ мегӯянд”.
Ба гуфти сокинони маҳаллаи мазкур ин нархгузорӣ дар ҳолест, ки хонаҳояшон дар маркази шаҳр қарор дошта, бояд як метри мураббаъ нисбат ба дигар минтақаҳои шаҳр гаронтар нархгузорӣ шавад. Онҳо мегӯянд, дар маҷмӯъ 18 манзил ва чанд корхонаи тавлидотии хурд бояд аз ин мавзеъ кӯчонда шавад.
Гуфта мешавад, дар ин хонаҳо дастикам 35 хоҷагӣ иқомат мекунад, ки дар ҳар кадоме беш аз 5 нафар зиндагӣ доранд, мақомот барои кӯчидан ба онҳо се рӯз муҳлат додаанд.
ВИДЕОи гуфтугӯи сокинон ба зудӣ дар ҳамин саҳифа нашр мешавад