Ҳалокати нафақахӯри 70-сола зери чархи “Мерседес-Бенс”
Як сокини 70-солаи шаҳри Кӯлоб дар пайи садамае дар Душанбе ба ҳалокат расидааст.
Бино ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин ҳодиса рӯзи сешанбеи 2 июн дар назди бозори “Пойтахт-90” ба вуқӯъ пайвастааст: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди кӯчаи Меҳнат, аз самти кӯчаи Раҳимов ба самти кӯчаи Шарқи ноҳияи И.Сомонӣ, дар назди бозори “Пойтахт-90”, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, пиёдагард марди 70-солаи сокини шаҳри Кӯлобро пахш намудааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.