Суҳбати Зоҳидӣ бо Бҳаттачарҷӣ дар бораи масоили мубрами минтақавӣ
Низомиддин Зоҳидӣ, муовини вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Аситҳ Кумар Бҳаттачарҷӣ, сафири Ҳиндустон дар Душанбе мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ, ин вохурӣ рӯзи 2 июн баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои тавсеаи заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ҳиндустон ва самтҳои нави ҳамкориҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, маориф ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ кардаанд.
Инчунин дар робита ба масоили мубрами минтақавӣ табодули сурат гирифтааст.