Истеъфои Блаттер пас аз 17 соли раҳбарии ФИФА
Зепп Блаттер пас аз чаҳор рӯзи интихоб ба унвони раиси Федератсияи байналмилалии футбол(ФИФА) гуфт, аз мақоми худ истеъфо медиҳад ва аз раёсати ФИФА хост, “бо нишасти изтирорӣ ҳарчи тезтар” раиси навро интихоб кунанд.
Ин тасмим дар ҳоле гирифта мешавад, ки чанде қабл 7 мақоми аршади ФИФА ба иттиҳоми фасод боздошт шуданд. Бо вуҷуди мухолифатҳои зиёд Зепп Блаттери 79 -сола барои панҷумин бор раиси ФИФА интихоб шуд. Ин интихоби ӯ вокунишҳои зиёдро дар пай дошт ва билохира худи Зепп Блаттер дар изҳороти кутоҳи худ гуфт: “Ҳама аъзои ФИФА” бо интихоби дубораи ман ба унвони раиси ФИФА мувофиқ нестанд, аз ҷумла кулубҳо, ҳаводорон, футболбозон ва касоне, ки мисли мо ба футбол зиндагӣ мебахшанд”.
Ӯ аз раёсати ФИФА хост, барои интихоби раиси нав ҷаласаи изтирорь баргузор кунанд ва ҳар чи тезтар раиси нав интихоб шавад. Қарор аст, интхоби раиси нави ФИФА моҳи декабри соли 2015 то марти 2016 баргузор шавад. Блаттер 17 сол ФИФА-ро раҳбарӣ кардааст.