Эълони нархи сафари ҳаҷ ва қабули маблағ тавассути "Ориёнбонк"
Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон расман нархи сафари имсолаи ҳаҷро эълон кард.
Ба иттилои дафтари матбуоти кумита, нархи сафари ҳаҷ имсол барои зоирини тоҷик 22 ҳазору 906 сомониву 98 дирам муқаррар шудааст.
Кумитаи дин мегӯяд, ин нишондод дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории кишвар муайян шудааст. Ин дар ҳолест, ки иштирок дар маросими Ҳаҷ-2014 барои сокинони Тоҷикистон 18 ҳазору 164 сомонӣ хароҷот дошт.
Дафтари матбуоти Кумитаи дин афзудааст, ки имсол қабули маблағ аз зоирини Хонаи Худо аз тариқи нуқтаҳои “Ориёнбонк”, ки раҳбарии онро Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси раисҷумҳури кишвар бар уҳда дорад, сурат хоҳад гирифт.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.