Кори беистироҳати Э.Раҳмон дар 8 сол ва ду рухсатии Отамбоев дар 6 моҳ
Алмосбек Отамбоев, раисиҷумҳури Қирғизистон ба рухсатии кӯтоҳмуддат рафтааст.
Шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи раисиҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, рухсатии Отамбоев 5-рӯза буда, ӯ ин рӯзҳоро бо аҳли хонаводааш дар Туркия мегузаронад.
Ин бори дувум дар соли 2015 аст, ки Алмосбек Отамбоев ба рухсатӣ меравад. Бори аввал дар моҳи феврал ӯ ба як рухсатии кӯтоҳмуддат рафта буд. Бархе аз расонаҳои русӣ навиштаанд, ки президенти Қирғизистон ин рухсатиро барои табобат гирифтааст.
Рухсатии дуюми Отамбоев дар ним соли охир дар ҳолест, ки қаблан Абдуфаттоҳ ШАРИФЗОДА, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, Эмомалӣ Раҳмон тайи 7-8 соли охир ба рухсатӣ нарафтааст. “Озодагон” моҳи августи соли гузашта, зимни як назарпурсӣ аз Абдуфаттоҳ Шарифзода пурсид, ки рухсатии меҳнатияшро чӣ гуна ва дар куҷо гузарондааст? Шарифзода посух дод, ба далели он ки Эмомалӣ Раҳмон тайи бештар аз ҳашт соли охир ба рухсатии меҳнатӣ набаромадааст, онҳо низ истироҳат надоранд: “Ёд надорам, ки тӯли 7-8 соли охир ба истироҳат баромада бошам. Зеро чун салоҳияти мо таъмини фаъолияти сиёсати дохилӣ ва хориҷии раиси ҷумҳури Тоҷикистон асту Ҷаноби олӣ ба рухсатии меҳнатӣ ва истироҳат намераванд, мо ҳам чунин имконро надорем”.