Собиқ муовини Суҳроб Қосим фармондеҳи нави “ОМОН” шуд
Полковник Хуршед Муҳаммадзодаи 43-сола фармондеҳи нави Дастаи таъиноти махсуси Вазорати умури дохилӣ ё худ “ОМОН”-и Тоҷикистон таъин шудааст.
Хуршед Муҳаммадзода дар ин мақом Гулмурод Ҳалимовро иваз кард, ки баъди як моҳи ғайб заданаш аз Душанбе, 27-уми майи соли равон тариқи як навор дар интернет эълон кард, ки ба созмони террористии “Давлати исломӣ” пайвастааст. Хуршед Муҳаммадзода аз моҳи декабри соли 2014 фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ва аз моҳи феврали соли равон бо қарори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон узви ҳайати мушовараи Вазорати корҳои дохилӣ таъин шуда буд.
Гуфта мешавад, ки Хуршед Муҳаммадзода дар гузашта ба ҳайси муовини Суҳроб Қосим, собиқ фармондеҳи бригадаи алоҳидаи оперативӣ ва зудамали Вазорати корҳои дохилӣ низ кор карда, баъди истеъфои Суҳроб Қосим дар моҳи феврали соли 2007 ҷойгузини ӯ шудааст. Ин тағйирот дар ҳолеянд, ки дар пайи пайвастани Ҳалимов ба "Давлати исломӣ" дар ҷаласаи ахири ҳукумат ҳайати нави мушовараи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тасдиқ шуд.