Оғози баррасии парвандаи “Ҳоҷӣ Самандар” дар Суди Олӣ (ВИДЕО)
Додгоҳи Олии Тоҷикистон мегӯяд, парвандаи ҷиноӣ алайҳи Абдулазиз Усмонов, маъруф бо номи “Ҳоҷи Самандар” ба ин ниҳод ворид шудааст ва феълан мавриди баррасӣ қарор дорад.
Тавре аз дафтари матбуоти Додгоҳи Олии Тоҷикистон, имрӯз, 2-юми июн ба “Озодагон” иттилоъ доданд, парвандаи ҳоҷӣ Самандар аз ҷониби Додситонии кул ба додгоҳ ворид шуда, феълан мавриди омӯзиш қарор дорад: “Айни ҳол парванда мавриди баррасию омӯзиш қарор дорад ва ҳанӯз санаи дақиқи оғози мурофиаҳо таъин нашудааст”.
Ин дар ҳолест, ки моҳи ноябри соли гузашта Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо пахши як гузориши видеоӣ, аз боздошти “Ҳоҷӣ Самандар” ва ду зердасташ иттилоъ дода гуфт, онҳо дар куштори бародарон-Раҷабалӣ ва Фарҳод Каримовҳо муттаҳам мешаванд.
Он замон ин ниҳод, иттилоъ дода буд, ки ташкилкунандаи ин ҷиноят “Ҳоҷӣ Самандар” як сокини ноҳияи Ҳисор аст. Худи ҳоҷӣ Самандари 53-сола дар шарҳи омилҳои даст задан ба ин ҷиноят гуфт, Каримовҳо аз ӯ қарздор будаанд. Ба гуфтаи ӯ Каримовҳо аз ӯ беш сад кило героинро бо нархи 4 ҳазор доллар сари ҳар кило гирифта, маблағашонро надодаанд. "Баъде, ки дидам намешавад, гуфтам баред инҳора нобуд кунед, зеро моро ҳам нобуд мекунанд."-изҳор дошт ӯ.
Ба иттилои мақомоти амниятӣ Ҳоҷӣ Самандар барои куштори Каримовҳо ду сокини дигари Ҳисорро ҷалб намудааст, ки қаблан низ ба ҷиноятҳои вазнин даст задаанд: "Онҳо Каримовҳоро ба ноҳияи Рӯдакӣ бурда, парондаанд."
Аз ин пештар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар дода буд, ки ҷасади бародарон Каримовҳо, ки бо мошинҳои гаронарзишашон аз Душанбе 6-уми ноябр гум шуда буданд, бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ дарёфт гардиданд. Кушташудагон низ зодаи ноҳияи Ҳисор, деҳаи Хонақоҳи куҳӣ буда, дар кӯчаи Нусратулло Махсуми Душанбе иқомат доштаанд. Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ба мақомот Каримов Меҳроб, сокини 29-солаи кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе муроҷиат карда, арз доштааст, ки санаи 6-ноябри соли равон бародаронаш Каримов Фарҳоди 34-сола бо автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» рақами давлатиаш АР 50-00 07 РТ ва Каримов Раҷабалии 46-сола бо автомашинаи тамғаи «Ренҷ-ровер», рақами давлатиаш 53-60 ВН 01 РТ аз хона баромада, бедарак шудаанд. Ба иттилои ВКД дар пайи корҳои ҷустуҷӯӣ субҳи 18-уми ноябри соли гузашта дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ ҷасадҳои бародарон Каримовҳо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дарёфт гардид. Манбаи "Озодагон" афзуд, ки мошинҳои гумшуда, се рӯз пеш аз дарёфти ҷасадҳо дар қаламрави Рӯдакӣ пайдо шуда буданд. Видеои гузориши КДАМ дар бораи ин қазия