Навбати аввали истеҳсоли корхонаи ресандагии ҶДММ «АЛМ» (Файзи Истиқлол) бо иқтидори коркарди 4000 тонна нахи пахта дар як сол, бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон, дар ноҳияи Ҳисор ба кор оғоз намуд.
Тавре аз маркази матбуотии вазорати энергетика ва саноат ба хабаргузории «Озодагон» иттиллоъ доданд, корхонаи мазкур дар заминаи корхонаи «Ришта»-и Ҳисор ташкил ёфтааст, ки солҳои охир аз фаъолият боз монда буд. Ин корхона бо мақсади расидан ба ҳадафҳои «Барномаи коркарди пурраи нахи пахтаи дар ҷумҳурии Тољикистон истеҳсолшаванда дар давраи то соли 2015» таъсис ёфтааст.
Сарчашмаи манбаъ иттилоъ дод, ки то имрӯз 75 контейнер таҷҳизотҳои технологӣ ба корхона ворид шудааст. Маблағ барои харидорӣ намудани таҷҳизотҳо аз ширкати
«Ҷийеме Филатӣ»-и 6 миллиону 500 ҳазор долари ИМА - ро ташкил медиҳад.
Маблағи азхудшудаи корхона зиёда аз 37 миллион сомонӣ буда, мутахассисони итолиёвӣ ва мутахассисони ватанӣ, дастгоҳу таҷҳизотҳои воридшударо аз сехи тайёркунӣ то маҳсулоти тайёри ришта васл кардаанд, ки омодаи кор мебошад. Гуфтанист, дар ҳолати пурра ба фаъолият оғоз намудани ин корхона 1000 ҷойҳои нави корӣ ташкил мешавад.{jathumbnail off}