Бистарӣ шудани марди 37-сола баъди муноқиша бо ҳамсар дар Турсунзода
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 37-сола дар шаҳри Турсунзода хабар дод, ки дар расондани зарари ҷисмонӣ ба шавҳараш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ зимни тафтишоти пешакӣ муайян шуд, ки гумонбаршуда рӯзи 31-уми май тахминан соати 18:00 дақиқа дар хонаи истиқоматӣ бо шавҳари 37-солааш муноқиша карда, зимни ҷанҷол бо корд ба шиками шавҳараш як зарба мезанад: “Дар натиҷа шавҳараш ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ шудааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.