"Интерпол" масъули чиптаҳои ҳавопаймо дар Тоҷикистонро боздошт кард
Намояндагии “Интерпол” дар Русия барои боздошти як шаҳрванди 68-солаи Тоҷикистон мусоидат кардааст, ки дар Ватан дар ҳамдастӣ бо директори генералии як ширкати фурӯши чиптаҳои ҳавопаймо, гӯиё маблағи ҳангуфтро аз худ кардааст.
Дафтари матбуоти Вазорати умури дохилии Русия шоми 1-уми июн бо нашри як иттилоия гуфт, тибқи санаде, ки ҷониби Тоҷикистон ба намояндагии “Интерпол” ирсол кардааст, боздоштшуда бо директори генералии ширкати дорои масъулияташ маҳдуд беш аз 1 миллиону 800 ҳазор рубл аз фурӯши чипатҳои ҳавопайморо аз худ кардааст: “Мақомоти Тоҷикистон боздоштшударо дар сӯиистифода аз мақомаш дар ташкилоти тиҷоратӣ ва исрофкорӣ муттаҳам мекунанд”.
Вазорати умури дохилии Русия афзуд, ки ин шаҳрванди 68-солаи Тоҷикистон моҳи марти соли равон ба Русия ворид шуда, муваққатан дар ноҳияи Ленини вилояти Маскав ба қайд гирифта шудааст: “Феълан шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, истирдоди ӯ ба Ватан мавриди баррасӣ қарор дорад”.