Зани 36-сола бо “Кемрӣ” пиёдагардро заду гурехт
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон як зани 36 солаи фирориро боздошт намудааст.
Тибқи иттилои ВКД ин зан рӯзи 30 май бо автомашинаи «Кемрӣ»-аш, аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Рӯдакӣ ҳаракат карда, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппаи Рӯдакӣ марди 21-сола, сокини ҳамин ҷамоатро зер карда, фирор намудааст: “Зимни чорабиниҳои фаврӣ, ҷустуҷӯӣ ронандаи автомашинаи “Кемрӣ”, ки зани 36-сола, сокини шаҳри Ваҳдат будааст, ҳамчун гумонбар дар ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дастгир шуд”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, феълан пиёдагард дар беморхона бистарӣ буда, алайҳи ронанда парвандаи ҷиноӣ оғоз шудааст: “Тафтишот идома дорад”.