Генерал Шарифзода: Гулмурод Ҳалимов худаш назди қонун ҷавоб диҳад
Подполковник Саидмурод Ҳалимов, бародари Гулмурод Ҳалимов, сардори фирории дастаи таъиноти махсус ё худ “ОМОН”-и Тоҷикистон бо пахши як муроҷиатнома ба “ДИИШ” пайвастани бародарашро маҳкум намуда, аз ӯ хостааст, ба Тоҷикистон баргардаду назди қонун ҷавоб гӯяд.
Саидмурод Ҳалимов, ки худ подполковники хизмати дохилӣ ҳаст, изҳор доштааст, ки оилаашон барои ин кирдори Гулмурод Ҳалимов худро дар ҳолати ногувор ҳис мекунад: “Ягон роҳи сафед кардани худро намедонем. Ман шахсан низ аз ҳолати ба миён омада, худро нороҳат ҳис намуда, бо гузориш ҷиҳати аз вазифаи ишғолнамуда озод намудан ва минбаъд хориҷ намудан аз мақомот ба унвони роҳбарият муроҷиат намудам. Баъди гирифтани гузориши ман ва шинос шудан, Муовини вазир – Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Иззатулло Шарифзода манро барои сӯҳбат таклиф намуда, аз гузориши навиштаи ман ва ҳолати мазкур пурсон гардиданд. Баъди суҳбати гузаронидашуда, Роҳбари мақомот ба ман насиҳати устодона намуда, гуфтанд, ки ҳар як шахс ба кирдори кардаи худ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд”.
Саидмурод Ҳалимов таъкид мекунад, ки аз нақша, мақсад, кирдор ва ба гумроҳӣ рафтани бародараш Гулмурод Ҳалимов иттилое надошт ва агар ягон алоқамандияш ба кирдорҳои бародараш маълум шавад, омода аст, назди қонун ҷавоб гӯяд.
Матни пурраи номаи Саидмурод Ҳалимовро хабаргузории “ТоҷNews” нашр кардааст, ки чунин аст:
“Нома аз номи бародари собиқ қумондони ДТММ (ОМОН)-и ВКД ҶТ полковник Гулмурод Ҳалимов
Ман подполковники хизмати дохилӣ Ҳалимов Саидмурод Салимович бародари қумандони ДТММ (ОМОН)-и ВКД ҶТ полковник Ҳалимов Гулмурод Салимович мебошам.
Ман аз моҳи майи соли 1995 то инҷониб дар вазифаҳои гуногуни мақомоти ҷазои ҷиноятӣ кору фаъолият намуда истодаам.
Ман охирҳои моҳи апрели соли ҷорӣ дар вақти адои хизмат аз баъзе овозаҳо оид ба бедарак гардидани бародарам Гулмурод Ҳалимов бохабар гардида, ба ташвиш омадам ва барои аниқ муайян намудани ин ҳолат аз хонаводаи бародарам ва аҳли оилаамон пурсон шудам, ки касе аз ин ҳолат ва дар куҷо будани ӯ хабаре надоранд. Баъдан, овозаҳое паҳн гардиданд, ки гӯиё ӯ сафар ба давлати Сурия намуда бошаду ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ҳамроҳ шуда бошад. Аз ин овозаҳо ман шахсан ва аҳли оилаи мо сахт ба ташвиш омада, бовар намекардем, чунки шароити оилавии ӯ хуб буда, аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ надоштанд. Хонаи истиқоматии алоҳида, воситаи нақлиёт, аҳли оилаи хуб ва обрӯву эътибор низ дар ҷамъият дошт. Баъдан баъди паҳн гардидани навори видеои бо иштироки бародарам Гулмурод Ҳалимов ба ҳайрат омада, чи кор кардани худ ва чи тавр ба падари пиронсолам фаҳмонданро надонистам. Ман аз ин роҳи пешгирифтаи бародарам ягон хабаре надошта, ба чи восита қабул намудан, бо кадом роҳ рафтан ва ё бо маслиҳати кадом шахсон ба ин гумроҳӣ рафтани ӯро намедонам ва ҳеч гоҳ ӯро чунин қабул намекунам ва роҳи пешгирифтаи ӯро қатъиян маҳкум менамоям. Ман ва аҳли оилаи мо аз чунин кирдори ӯ дар назди хешовандон ва ҷамъият худро дар ҳолатҳои ногувор ҳис намуда, дигар ягон роҳи сафед кардани худро намедонем.
Бинобар ин ман шахсан низ аз ҳолати ба миён омада, худро нороҳат ҳис намуда бо гузориш ҷиҳати аз вазифаи ишғолнамуда озод намудан ва минбаъд хориҷ намудан аз мақомот ба унвони роҳбарият муроҷиат намудам. Баъди гирифтани гузориши ман ва шинос шудан, Муовини вазир – Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Иззатулло Шарифзода манро барои сӯҳбат таклиф намуда, аз гузориши навиштаи ман ва ҳолати мазкур пурсон гардиданд. Баъди сӯҳбати гузаронидашуда, Роҳбари мақомот ба ман насиҳати устодона намуда, гуфтанд, ки ҳар як шахс ба кирдори кардаи худ дар назди қонун ҷавоб мегӯяд.
Бинобар ин роҳбари мақомот ба ман барои идома додани иҷрои вазифаҳои хизматии худ дастур дода, барои содиқ будан ба Ватани азизамон Тоҷикистон ҳидоят намуданд.
Ман ва аҳли оилаи мо аз бародари худ Гулмурод Ҳалимов хоҳиш менамудем, ки аз ин роҳи пешгирифтаи худ даст кашида, фикри оила, фарзандон ва падари пиронсоли худро намуда ба Ватани худ баргардад ва аз пушаймонии худ дар назди қонун ҷавоб гӯяд. Бинобар ин ман бори дигар гуфтанӣ ҳастам, ки аз нақша, мақсад, кирдор ва ба гумроҳӣ рафтани бародарам Гулмурод Ҳалимов ягон зарра хабаре надоштам ва чунин кирдорро қатъиян маҳкум медонам ва ҳам омода ҳастам, ки дар ҳолати муайян гардидани ягон алоқамандӣ бо кирдори бародарам дар назди қонун ҷавобгӯй бошам.
Саидмурод Ҳалимов, 29.05.2015 сол”.