Нахустин мусобиқаи гиромидошти поягузори самбо дар Тоҷикистон
Имрӯз, 30 май дар шаҳри Душанбе, мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ байни наврасони соли таваллудашон 1997-98 барои дарёфти Ҷоми поягузори куштии самбо дар Тоҷикистон, мураббии шоистаи Тоҷикистон, Исмат Абдуллоев оғоз шуд.
Ин мусобиқаро Мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ба шарафи Исмат Абдуллоев баргузор менамояд, ки дар он 15 даста аз тамоми шаҳру навоҳии кишвар дар 10 вазн ширкат мекунанд.
100 навраси 16-18-сола тайи ду рӯз дар ин сабқат барои соҳиб шудан ба мақомҳои ифтихорӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Исмат Абдуллоев, мураббии 71-солаи тоҷик, ки аз поягузорони куштии самбо дар Тоҷикистон шинохта мешавад ва дар рушди куштии миллӣ, куштии озод, самбо ва дзюдо дар Тоҷикистон саҳми арзанда дорад. Коршиносони соҳаи варзиш саҳми бештари Исмат Абдуллоевро дар варзиши паҳлавонии тоҷик ҳамчун мураббӣ эътироф мекунанд, ки тӯли 45 соли фаъолияти мураббигиаш чандин устодони варзиш ва даҳҳо устодони варзиши дараҷаи байналмилалиро ба воя расондааст.
Ҳамчунин Исмат Абдуллоев ба унвони устоди Саидмуъмин Раҳимов, ҷаҳонпаҳлавони зиндаёди тоҷик дониста мешавад, ки соли 1975 ба унвони баланди қаҳрамони ҷаҳон оид ба самбо мушарраф шудааст.
Исмат Абдуллоев солиёни дароз ба ҳайси сармураббии дастаҳои мунтахаби ҷумҳурӣ оид ба самбо ва дзюдо пурмаҳсул кор кардааст. Хидматҳояшро бо унвони баланди “Устоди варзиши СССР” (соли 1966), унвони ифтихории “Мураббии шоистаи ҶШС Тоҷикистон” (1973) ва бисёр ҷоизаҳову ифтихорномаҳо қадр кардаанд. Соли 1975 вай ба қатори даҳ мураббии беҳтарини СССР дохил шуда буд. Ҳамчунин ӯ беҳтарин мураббии Тоҷикистон дар намуди самбо дар асри ХХ эътироф шудааст. Исмат Абдуллоев имрӯз ҳам дар тарбияи шогирдон ба ҳайси мураббии пуртаҷрибаву варзида хидмат намуда, яке аз фаъолони кори тарғиби тарзи ҳаёти солим мебошад.