Нақли Мавҷуда ва Ризвон: ДИИШ занро 800 $-у тифлро 400 $ мефурӯшад
Ризвон Аҳмадов ва Мавҷуда Сабурова, ду ҷавони тоҷик, ки аз Сурия фирор карда, ба Тоҷикистон баргаштаанд, дар як гузориши видеоии таҳиякардаи мақомоти умури дохилӣ амалҳои “Давлати исломӣ”-ро нақл карданд, ки шоҳидашон будаанд.
Ризвон Аҳмадов дар гузориши омодакардаи Вазорати умури дохилӣ гуфт, ҷангҷуёни “Давлати Исломӣ” ҷойҳоеро, ки забт мекарданд, дар он ҷо мардҳоро кушта, занҳояшонро таҷовуз намуда, зан ва тифлонашонро мефурӯхтанд. Номбурда иброз дошт, ки арзиши як зан 800 доллар ва кӯдак 400 доллар аст: “Онҳое, ки аз ҳамон давлат фирор мекунанд, дастгир карда, сарашонро мебуранд ва касоне, ки ёрдам медиҳанд, ҳамонҳоро низ қапида чуқурӣ меканданду зинда дар ҳамон чуқурӣ гурашон мекарданд. Маблағашон аз ҳисоби ғоратгарӣ ва дуздии моли дигарон аст”.
Ризвон Аҳмадов афзуд, дар Сурия таблиғ мекунанд, ки дар Ватан низ ҷангиёнро қатлу азоб интизор аст. Ӯ дар хитоб ба тоҷиконе, ки дар Сурия ва Ироқ қарор доранд, изҳор дошт, ки ба Ватан баргарданд, зеро мақомоти тоҷик онҳоро афв мекунанд: “Он даҳшате, ки онҳо ба дилҳои мардум меандозанд, ки биравӣ зиндони мешавӣ, қатл мекунанд ин ҳамааш дуруғ аст”.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, дар 9 моҳи будубоши Ризвон дар Сурия падару модар ва ҳамсари ӯ умед надоштанд, ки бори дигар ба дидори ӯ мерасанд.
Модари Ризвон дар гузориши ВКД иброз намуд, ки моҳи январ писараш бо ӯ дар тамос шуда, гуфтааст, ба Сурия ҷиҳод рафтааст: “Ман баъд гуфтам, ки розӣ нестам, ту чаро ин хел кардӣ, баргард биё бачам. Аз сафорати Тоҷикистон дар Тукия , Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон минатдорам, ки фарзандамро баргардонда оварданд. Ба падару модарон гуфтаниям, ки фарзандони худро насиҳат кунанд, ба Сурия нараванд, худро ҳайф накунанд”.
Мавҷуда Сабуроваи 26-сола низ дар баромади худ аз иҷборан ба шавҳар додани занҳо, тарзи либоспушӣ ва калабурии ҷангҷӯёни “Давлатӣ исломӣ” нақл кард: “Ҳавопаймоҳо омада мезаданд, наздашонда кӯдак аст, зан аст, мемирад. Одамҳоро калаҳояшонро мегиранд. Занҳоро маҷбурӣ ба шавҳар медиҳанд. Шавҳарашон, ки мурд, боз ба дигар кас маҷбурӣ медиҳанд. Либоси сиёҳ мепӯшонданд, чашму кала наметобад. Касе аз сарҳад мегузарад, калаашро мегиранд, аз ҳеч кас намепурсанд”.
Қаблан Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” рафтуомади ин ду ҷавони тоҷикро аз ҷангҳои Сурия чунин шарҳ дод: “Аҳмадов Ризвон, соли таваллудаш 1993 ва Сабурова Мавҷуда, соли таваллудаш 1988, сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа мебошанд, ки чун дигар муҳоҷирони меҳнатии тоҷик Ризвон дар шаҳри Самара ва Мавҷуда дар шаҳри Маскави Русия кор мекардаанд. Аммо Ризвон гирифтори афкори носолим ва ташвиқоти ҳар гуна ақидаҳои ботили ифротиён шуда, бо мақсади иштирок дар амалиёти мусаллаҳона ба Сурия рафтааст. Мавҷуда ҳам, ки дар Маскав ба нигоҳубини пиронсоле машғул будааст, барои убури сарҳад ба Туркия рафта, дар он ҷо ба доми ифротиён афтодааст. Ӯ фирефтаи ваъдаҳои бардурӯғ ба Сурия рафта, муддати ду моҳ дар он ҷо мемонад”.
Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки ин ду ҷавони бехабар аз ҷаҳлу зулму бедодӣ, дар муҳити террористон дарк кардаанд, ки ин ҷо на дин асту на мазҳаб ва на садоқат ба Худо, балки макони ба қатлу оташу хун даст доштани гурӯҳҳои ифротгаро аст: “Онҳо муддатҳои зиёд дар таҳҳонаву утоқҳои сарду торик зиндагонӣ намуда, ба машқҳои ҳарбӣ ва омӯзиши ҳар гуна машғулиятҳои террористӣ машғул буданд. Ин ду нафар бо дарки хатогии худ бо мушкилоти зиёде аз шаҳри Раққаи давлати Сурия фирор карда, бо кӯмаки кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ватан оварда шуданд”.
Манбаъ мегӯяд, Ризвон дар Сурия 6-моҳ ва Мавҷуда ду моҳ монда, баъди фирор ба назди оилаҳояшон баргаштаанд.
Вазорати умури дохилӣ дар хитоб ба падару модароне, ки фарзандонашон ба онҳо гӯш намедиҳанд ва қобилияти гардонидани онҳоро аз гумроҳӣ надоранд, барои кӯмаку дастгирӣ метавонанд бо телефони боварии Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон (221-21-21) ва ба телефонҳои боварии ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ дар маҳаллҳо занг зада, муроҷиат намоянд.
Ин ниҳод инчунин бори дигар хотиррасон кардааст, ҷавононе, ки аз иштирокашон дар муноқишаҳои Сурия, Ироқ ва дигар давлатҳо пушаймон шуда, ба Туркия ё дигар давлат баргаштаанд, метавонанд ба хонаҳои худ ихтиёран баргарданд ва илова намудааст, ки чунин шахсон аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озоданд. Мақомоти корҳои дохилӣ омодааст, барои баргардондани чунин ҷавонҳо ҳамаҷониба кӯмак расонад.