Қатли директор ва муовин аз ҷониби омӯзгори варзиш дар Турсунзода (НАВШУДА)
Юлдош Айматов, мураббии шоиста, аълочии маориф ва омӯзгори тарбияи ҷисмонии мактаби рақами 7-и ҷамоати деҳоти 1-уми майи ноҳияи Турсунзода соати тақрибан 10-и рӯзи 29-уми май мудири ин мактаб Дилором Нишоноваи 51 сола ва муовинаш Гулнора Юлдошеваи 48-соларо бо зарби корд ба қатл расондааст.
Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” Айматови 53-сола бо хоҳарон Дилором ва Гулнора хусумати корӣ-оилавӣ дошта, худаш ба мақомот таслим шудааст. Гуфта мешавад, ки қатли Гулнора зимни ҷамъомади субҳгоҳӣ дар саҳни ҳавлии мактаб дар ҳузури омӯзгорону донишомӯзон сурат гирифтааст.
Дар Вазорати умури дохилии Тоҷикистон низ ба “Озодагон” ин иттилоъро тасдиқ карда, афзуданд, ки 29-уми май, омӯзгори 53-солаи мактаби рақами 7-и Турсунзода аз сабаби вайрон шудани муносибатҳои корияш бо роҳбарияти мактаб соати 09:30-дақиқа аз бозор корди ошхонагӣ харида, дар ҳолати мастӣ, ҳадафмандона ба мактаби мазкур меояд: “Дар утоқи корӣ бо директори мактаб зани 51-солаи сокини шаҳри Турсунзода ҷангу ҷанҷол намуда, ба қисмати гардани ӯ бо корд як зарба мезанад, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад: “Сипас, гумонбаршуда бо ин ҷинояти содирнамудааш қаноат накарда, дар саҳни мактаб муовини директори мактаб, зани 48-солаи сокини ҳамин шаҳрро бо истифода аз корд якчанд маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳими баданаш мезанад. Ҷабрдидаи дуюм аз ҷароҳатҳои вазнини бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.