Раҳоии муҳаррири бахши сиёсии шабакаи 1 аз боздошт
Хайрулло Мадисоев , муҳаррири бахши сиёсии Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон, ки аввали моҳи апрел ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт гардид, раҳо шудааст.
Тавре аз Оҷонсии мубориза бо фасоди молии Тоҷикистон иттилоъ доданд, моддаи 247 (қаллобӣ), ки аз рӯи он алайҳи Хайрулло Мадисоев айб эълон шуда буд, имкон медиҳад, ки боздоштшуда бо пардохти ҷарима озод шавад. Гуфта мешавад, ки феълан ин қазия ниҳоӣ нашуда, баррасии он дар додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур идома дорад.
Аввали моҳи апрел Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон аз боздошти Хайрулло Мадисоев, рӯзноманигори идораи барномаҳои сиёсии Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон хабар дода, гуфта буд, ки боздошти ӯ ба фаъолияти журналистияш рабт надорад. Оз замон аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ дода буданд, ки Мадисоев дар ҳабс буда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми қаллобӣ алайҳи ӯ идома дорад: “Муайян шуд, ки Мадисоев дар маслиҳат бо Абдусаттор Мирзоев, муҳандис-заминсози ҷамоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ аз шиносашон, шаҳрванд “А” барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ шаш ҳазор доллар пора талаб кардаанд. Мадисоев 9-уми апрел дар назди идораи телевизиони Тоҷикистон, ҳангоми гирифтани 3 ҳазор доллар аз шаҳрванд “А” боздошт гардида буд”.