"Мегафон" дастрасӣ ба "Озодагон"-ро масдуд кардааст
Муштариёни ширкати мобилии "Мегафон" мегӯянд, аз рӯзи 29-уми май инҷониб дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Озодагон" надоранд.
Ба гуфтаи муштариён мушкили дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории "Озодагон" тариқи хидматрасониҳои ширкати "Мегафон" баъди зуҳри 29-уми май пайдо шуда, то ҳол бартараф нагардидааст.
Ин дар ҳолест, ки қаблан ширкатҳои дастраскунандаи интернет дар Тоҷикистон дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоии “Одноклассники”, "Фейсбук", “ВКонтакте” ва сомонаҳои хабарии радиои “Озодӣ”-ю хабаргузории “Азия Плюс”-ро низ масдуд карданд.
Корбарони интернет ба “Озодагон” гуфтанд, дастрасӣ ба "Одноклассники", "ВКонтакте" баъди нашри навор дар бораи ба созмони террористии “Давлати исломӣ” пайвастани Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси ВКД, ё худ “ОМОН” масдуд гардид.
Хуршеди Андам, раҳбари бахши тоҷикии Радиои Озодӣ дар Душанбе дар суҳбат ба “Озодагон” изҳор дошт, ки аз нисфирӯзии 28 май ба ин сӯ дастрасӣ ба сомонаи радиои мазкур масдуд шудааст. Ӯ гуфт, ба Хадамоти алоқа ва ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет муроҷиат кардаанд, аммо посухе дар робита ба бастани сомонаашон дарёфт накардаанд.
Зебо Тоҷибоева, масъули оҷонсии хабарии “Азия Плюс” низ изҳор дошт, аксари ширкатҳои фароҳамкунандаи интернет сомонаашонро бастаанд ва шарҳе ҳам надодаанд.
Бастани сомонаҳо дар ҳоле сурат мегирад, ки Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд, рӯзи 27-уми май тариқи як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дод.
Дар пайи нашри ин навор қарори ҳанӯз аввали моҳи май қабулкардаи Додгоҳи Олии Тоҷикистон низ оммавӣ гардид, ки дар он бо пешниҳоди Додситонии кул “Давлати исломии Ироқу Шом” созмони террористӣ эълон шуда, ҳар гуна фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнуъ мебошад.