«Рӯзи Фалак» дар Тоҷикистон васеъ таҷлил хоҳад шуд. Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз вазорати фарҳанг иттилоъ доданд.
Бино ба қавли манбаъ, чорабинии мазкур ба таърихи 10-уми октябр дар бинои амфитеатр иттифоқ афтода, зимнан ширкати сарояндагон ва фалаксароён аз манотиқи гуногуни кишвар, аз ҷумла Маҳмадсафар Муродов, Шарифхон Сайдалиев, Зӯҳро Назарова, Муродмад Раҳимов, Абдулхайр ва Раҳматулло Хошимовҳо, Асрор Камолиддинов, Донишманд Қутбиддинов, Шодмон Сулаймонӣ, Маҳмуди Музаффариён, Фатҳуддин Юсуфӣ, ансамбли "Фалак" таҳти роҳбарии Давлатманди Хол дар назар аст.
Маврид ба ёдоварист, дар Тоҷикистон барои панҷумин бор «Рӯзи Фалак» таҷлил мегардад ва ин чорабинӣ бо амри райисҷумҳур аз соли 2007 ба ин сӯ анҷом мепазирад.{jathumbnail off}