“Гузашт”-и Ҳалимов Тоҷикистонро "ангуштнамо" кард
Пайвастани Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи дастаи таъиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон ба созмони экстремистии “Давлати исломӣ”, кишвари моро дар сархати расонаҳои хабарӣ қарор додааст.
Тавре низоми ҷустуҷӯии Гугл нишон медиҳад, танҳо давоми чанд соати охир беш аз 100 расонаи русзабон хабари пайвастани полковники тоҷикро ба “Давлати исломӣ” нашр кардаанд. Аз ҷумла BBC Russian, Интерфакс, РИА Новости, Взгляд, Звезда, телеканал ДОЖДЬ, Московский комсомолец , Новая газета, ГОЛОС АМЕРИКИ, Вести.Ru, Полит.ру, Русская Служба Новостей, Комсомольская правда, РБК, 9 канал Исроил, ЕвроСМИ, FederalPress World News , Русская Служба Новостей, НТВ ва даҳҳо расонаи дигари ИДМ ин хабарро нашр карда, бархе аз расонаҳои Русия таъкид бар он кардаанд, ки собиқ фармондеҳи “ОМОН”-и Тоҷикистон даъвои бозгашт ва барқарор намудани хилофат дар Тоҷикистону Хуросонро кардааст.
Ин дар ҳолест, ки бархе аз коршиносонони дохилии Тоҷикистон низ пайвастани фармондеҳи воломақоми тоҷикро ба ҷабҳаи созмони террористӣ амали нангин барои кишвар хонда, Шодӣ Шабдолов, раиси Ҳизби коммунист ҳатто масъалаи истеъфои тамоми роҳбарони мақомоти қудратиро ба миён гузоштааст ва аз Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон даъват кардааст, ки сиёсати кадрияшро бозбинӣ кунад.
Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи 40-солаи дастаи таъйиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Тоҷикистон, ки як моҳ қабл аз шаҳри Душанбе бедарак шуд, рӯзи 27-уми май тариқи як навори видеоӣ дар интернет аз пайвастанаш ба созмони “Давлати исломӣ” хабар дод.
Хабаргузории “Азия Плюс” дар пайи нашри ин хабар аз қавли як ҳамхидмати Ҳалимов, ки нахостааш номаш зикр шавад, иттилоъ додааст, ки Ҳалимов чанд сол қабл бо дастури Кумитаи давлатии амнияти миллӣ барои узвияташ дар ҳаракати “Салафия” аз мақомот ронда шуд: “Аммо баъди чанде дубора ба кор барқарор шуд ва унвони фармондеҳро низ гирифт”.
Мусоҳиби “Азия Плюс” изҳор доштааст, ки полковник Ҳалимов миёни ҳамхидматонаш нуфузе надошт ва ягон вақт қобили эътимод набуду наметавонад ҷонибдорон пайдо кунад. Ин ҳамхидмат афзудааст, ки Ҳалимов ҳатто дар ҳаққи Олег Захарченко, собиқ фармондеҳи “ОМОН”, ки зимни як амалиёт дар Рашт кушта шуд, ҳарфҳои нораво мегуфт: “Дар ҳоле, ки Захарченко барои кормандони “ОМОН” фармондеҳи воқеӣ ва як шахси нотакрор буд”.