Пулодов барои латукӯби Баҳриддин 5,5 соли зиндон гирифт
Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе Фаррух Пулодов, сарбози Вазорати мудофиаро барои латукӯби шадиди ҳамхидматаш-Баҳриддин Насриддинов, ба 5 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» иттилоъ доданд, ки ҳуқуқшиноси ин созмон дар додгоҳ манофеи Баҳриддин Насриддиновро ҳимоят мекард.
Қазияи латукӯби Баҳриддин Насриддинов, сокини 22-солаи шаҳри Хуҷанд, 6-уми март ба вуқуъ пайваста, зери назорати ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон буд. Ба иттилои “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” Фаррух Пулодов дар ошхонаи қисми низомии 12019-и Вазорати мудофиа барои нишон додани бартарияти худ Насриддиновро латукӯб кардааст, ки дар натиҷа ҷабрдида зарари вазнини ҷисмонӣ бардошта, давоми чанд рӯз беҳуш буд.
Баҳриддин Насриддинов ду соли пеш ба хизмат дар қисми низомии 12019-и Вазорати мудофиа ҷалб шудааст ва тибқи фармони президент бояд моҳи апрели соли аз хизмати ҳарбӣ ба эҳтиёт ҷавоб дода мешуд.
Дар акс: Баҳриддин Насриддинов