Ошиқи духтари Обама: Ба ӯ дӯшидани говро ёд медиҳам
Кипроно, як ҳуқуқшиноси кениёӣ гуфтааст, ки барои издивоҷ Малиа, духтари Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико омода аст 50 сар гов, 70 сар гӯсфанд ва 30 сар буз бидиҳад.
Расонаҳои кениёӣ аз қавли ин ҳуқуқшинос навиштаанд, ки “ман соли 2008 ба ӯ таваҷҷуҳ пайдо кардам. Аз он рӯз бо касе муносибат надоштаам ва қавл додам, ки ба ӯ вафодор бимонам. Ман инро бо оилаам дар миён гузоштам ва онҳо моиланд, ки барои пайдо кардани масрафоти арусиам, кумак кунанд”.
Ин ҳуқуқшиноси ҷавон инчунин гуфтааст, ки муҳаббати ӯ ба Малиа воқеӣ буда, ҳавасбозӣ нест. Ӯ афзудааст, ки Малиа хуни кениёӣ дорад, чунки падараш аз Кения аст. Ин ҳуқуқшинос ба расонаҳои Кения гуфтааст, “шояд мардум фикр кунанд, ки ман дунболи пули ин оила ҳастам, вале чунин нест. Ишқи ман ҳақиқӣ аст. Ман феълан дар ҳоли навиштани нома ба Обама ҳастам ва аз ӯ мехоҳам Малиаро бо худ дар сафари моҳи июлаш ба Кения биоварад. Ман умедворам, ки сафорат ин номаро ба ӯ мерасонад. Ин номаро ба дасти сафир, ки бо ӯ чанд бор вохурдаам, медиҳам”
Кипроно гуфтааст, ки дар сурати издивоҷ бо Малиа ӯ хостори як зиндагии сода аст: “Ман ба Малиа дӯшидани говро ёд хоҳам дод. Ба вай меомӯзам, ки чӣ гуна бояд угалиро (як навъи ғизо) пухт ва чӣ гуна мурсикро (шири туруши сунатии Кения) дуруст кард”.