Ҳалокати се кӯдак дар як рӯз ба айби ронандаҳои “ноуҳдабаро”
Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, 27-уми май дар роҳҳои кишвар дар натиҷаи ноуҳдабароии ронандаҳо се садамаи маргбор ба қайд гирифта шудаанд, ки се кӯдаки кушта барҷой гузоштаанд.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ВКД ронандаи 23-солаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-2106”, аз шаҳри Исфара ҳангоми ҳаракат дар роҳи Исфара-Ворух, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сурх аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар самти муқобили ҳаракат духтарчаи 5-сола, сокини ҷамоати деҳоти зикргардидаро зер намудааст: “Дар натиҷа духтарчаи хурдсол ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.
Манбаъ мегӯяд, ду садамаи дигари маргбор дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шудаанд: “Ронандаи 43-солаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” дар ноҳияи Бохтар, ҳангоми ҳаракат бо роҳи деҳаи Тоштеппаи ҳамин ноҳия, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба дарвозаи хонаи истиқоматии сокини 43-солаи деҳаи зикргардида бархӯрдааст, ки дар натиҷа дарвоза ба болои писарчаи хурдсол, соли таваллудаш 2014 чаппа шудааст. Писарчаи хурдсол дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, садамаи сеюм бо иштироки ронандаи ноболиғ дар ноҳияи Ҷаллолидини Румӣ рух додааст, ки дар натиҷа духтарчаи 12-сола ба ҳалокат расидааст: “Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, писари ноболиғ, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Ҷ.Румӣ, хонандаи мактаби таҳсилоти умумӣ ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди ноҳияи Ҷ.Рӯмӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар самти муқобили ҳаракати роҳ пиёдагарди ноболиғ, духтарчаи 12-солаи сокини ҷамоати деҳоти Маданияти ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа духтарчаи ноболиғ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст”.