“Усто” тоҷиконро барои кор ба Самара даъват мекунад
Ширкати сохтмонии “Усто” дар шаҳри Самараи Русия муҳоҷири кори тоҷикро ба кор мепазирад. Дар ин бора Таваккал Убайдов, раиси ин ширкат ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия иттилоъ додааст.
Раиси ин ширкат гуфта, коргаронро бо ҷойи иқомат таъмин менамояд ва ҳақмуздро дар шакли корбайъ пардохт мекунад: “Ҳоло ба ҳисоби миёна коргарон бештар аз 30 ҳазор рубли русӣ маош мегиранд”.
Ба қавли Убайдов, ширкат фармоишгари лоиҳаҳои сохтмонии бузург буда, бо бештар аз 10 ширкати сохтмонӣ шартнома дорад: “Ҳоло дар ширкати мо бештар аз 100 ҳамватанамон кор мекунад ва бо зиёд шудани фармоиш моро зарур аст, 20 коргари дигар, деворгар (кладчик) дошта бошем”.