Тағйирот дар Вазорати фарҳанг: Раиси варзишгоҳи Данғара мудири театр шуд
Суҳроб Мирзоев, аз мақоми директори Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский барканор шуда, директори театри давлатии ҷумҳуриявии «Лухтак» таъин шудааст.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ба мақоми директори Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский Мунира Додоева таъин шуд, ки то ҳол ба ҳайси ҳунарпешаи ин муассиса кор мекард.
Ба иттилои манбаъ Ибронов. С. И, ки то ҳол муовини директори Муассисаи давлатии «Агентии миллиии рақамгузории стандарти байналмилалии китоб-«Хонаи китоби Тоҷикистон» буд, директори ин муассиса таъин шудааст.
Шариф Комилзода аз вазифаи муовини раиси Китобхонаи миллии Тоҷикистон барканор ва ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот» таъин гардидааст.
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон афзуд, ки Иззатуллоев И. Р, ки то ҳол мудири варзишгоҳи марказии ноҳияи Данғара будааст, вазифаи директори муассисаи давлатии «Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-мазҳакавии Данғара» -ро гирифтааст.
Инчунин дар доираи тағйироти ахир Ятимова С- сармуҳаррири маҷаллаи «Фируза», Одинамамадов.А - сармуҳаррири маҷаллаи «Хорпуштак», Ҷумъазода. X- сармуҳаррири маҷаллаи «Чашма», Солиев.О- директори Муассисаи давлатии сафарию ҳунарии «Базморо» ва Шоев.Н- директори маркази эҷодии “Илҳом” таъин шудааст.