Сафири ИМА: Энергетика ва об метавонад манбаи муноқиша ё сулҳу субот бошад
Сюзан М. Эллиотт, сафири ИМА, Ғафоров Баҳром, муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Тоҷикистон ва намояндагони Раёсати идоракунии захираҳои оби ноҳияи Исфара дар маъракаи тақдим намудани техникаи обёрӣ ба аҳолии ноҳияи Исфараи вилояти Суғд иштирок кардаанд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Душанбе ба “Озодагон” хабар доданд, Ҳукумати Амрико ба воситаи лоиҳаи USAID “Мусоидат ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар ҳавзаҳои хурди об дар Осиёи марказӣ” роҳандозии шарикӣ ва вусъати ҳамкории байнисарҳадӣ миёни ҷонибҳои идоракунандаи оби Тоҷикистону Қирғизистонро дастгирӣ мекунад.
“Маркази минтақавии экологии Осиёи марказӣ (CAREC) лоиҳаеро амалӣ мегардонад, ки он барои таъсиси Шӯроҳо оид ба идораи ҳавзаҳои хурди об кӯмак мерасонад. Шӯроҳои мазкур дар якҷоягӣ нақшаи фаъолияти байнисарҳадиро барои рушди пойдори ҳавзаҳои об тартиб медиҳанд. Инчунин, шӯроҳои мазкур ҳамкориро байни мақомотҳои марказӣ ва маҳаллӣ, ҷомеаҳои маҳаллӣ, истифодабарандагони об, деҳқонон, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва дигар гурӯҳҳои манфиатдор вусъат медиҳанд”,-афзуд манбаъ.
Гуфта мешавад, ба ҷуз аз ин, лоиҳаи мазкур муколамаи фаромарзиро тавассути рушди ҳамкорӣ байни ҷонибҳои идоракунандаи оби ҳавзаҳои хурди Осиёи марказӣ баланд мебардорад. Ин фаъолият дар се дарёи хурди байнисарҳадии Осиёи марказӣ – Аспара, Исфара ва Угам – амалӣ мегардад: “Аз сабаби сатҳи баланди таҳшиншавӣ шӯро оид ба идораи ҳавзаҳои хурди оби ноҳия Исфара тоза кардани каналҳои обёриро яке аз фаъолиятҳои афзалиятнок муайян намуд. Онҳо гранти аз USAID гирифташударо дар ҳаҷми 50 000 доллари ИМА барои хариди трактор сарф карданд, ки онро барои тоза кардану нигоҳ доштани канали обёрӣ истифода хоҳанд кард. Имрӯз ин трактор ба Раёсати идоракунии захираҳои оби ноҳияи Исфара супорида шуд. Шӯро оид ба идораи ҳавзаҳои хурди оби Қирғизистон низ қарор карданд, ки барои тоза намудани каналҳои обёрӣ трактор харид намоянд”.
Сафир Эллиотт аснои суханронӣ гуфтааст, эҳтимолан, идоракунии захираҳои муштараки об ва энергетика яке аз масъалаи муҳими стратегӣ дар мамлакатҳои Осиёи марказӣ ба ҳисоб меравад: “Энергетика ва об метавонад манбаи муноқиша ё дар ҳолати идоракунии самараноки он манбаи ҳамкорӣ, рушди иқтисод ва сулҳу субот бошад”.
Лоиҳаи “Мусоидат ба ҳамкории байнисарҳадӣ дар ҳавзаҳои хурди об дар Осиёи марказӣ” яке аз лоиҳаҳое мебошад, ки ҳамкориро барои дастигирии ислоҳоти сектори обёрии Тоҷикистон ташкил мекунад.
Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Тоҷикистон маблағи беш аз 1 миллиард доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.