Журналистони минтақаи Кӯлоб: “Чик” дар ягон давру замон таҳқирӣ набуд
Як гуруҳ аз хабарнигорони минтақаи Кӯлоб вобаста ба қазияи баҳси додгоҳии ширкати “Умед-88” ва ҳафтавори “Пайк” изҳороти муштарак нашр кардаанд. Ин изҳорот унвонии “Озодагон” ҳам ирсол шуд, ки пешниҳоди хонанда мегардад.
“Чандест баҳси байни ширкати “Умед-88” бо ҳафтавори “Пайк” идома дорад. Сабаб ҳамон як суффикси навозишии русии – чик будааст, ки хабарнигори ин ҳафтавор Шарифхони Тағоймурод дар мақолааш “Бозор ё Умедчик-88 хатар эҷод мекунад” (“Пайк” №15 аз 22 апрели соли 2015) дарҷ кардааст. Ширкат фақат барои истифодаи ин суффикс дар радифи номи худ аз суди иқтисодии вилояти Хатлон аз ҳафтавор ва хабарнигор дар маҷмӯъ 60 000 сомонӣ зарари маънавӣ талаб кардааст, ки ин гумон дорем, хеле амали ноодилона аст. Инҷо нақзи моддаҳои қонун дар мавриди таъқиб барои танқид мушоҳида мешавад.
Ба андешаи мо суффикси навозишии русии – чик дар ягон давру замон таҳқирӣ набуд ва ба ҳеҷ ваҷҳ онро таҳқирӣ унвон кардан наметавон. Мардуми рус ҳангоми ба азизони худ муроҷиат кардан ҳамин суффиксро навозишкорона истифода мебарад. Дар тоҷикон низ қисман ин одат риоя карда мешавад.
Гузашта аз ин, тавассути почта ба редаксияи ҳафтавори “Пайк” матлабе аз номи як гуруҳ истиқоматкунандагони шаҳр ва минтақаи Кӯлоб расидааст, ки “Фитнаангезӣ бас аст Пайк” бо даҳҳо имзои шаҳрвандон, унвон дорад. Дар сурати таҳқиқоти ин матлаб маълум гаштааст, ки қисми зиёди имзоҳои ин матлаб қалбакӣ будаанд. Аз ин лиҳоз, тундравии ширкати “Умед-88”-ро нисбат ба ягона ҳафтавори мустақил дар вилояти Хатлон, мо ба ҷуз кинатозӣ, иғвоангезӣ ва ғараз чизе дигар унвон карда наметавонем. Бинобар ин, мо аз ширкати “Умед-88” қатъият талаб дорем, ки иттиҳомотро алайҳи ягона ҳафтавори мустақил дар минтақаи Кӯлоб, ва дар маҷмӯъ сухани озод, қатъ карда, аз идомаи муноқишаҳо даст кашад!
Тавассути ин изҳорот аз тамоми расонаҳои хабарии ҷумҳурӣ, Иттифоқи Журналистони Тоҷикистон ва ташкилотҳои дифоъ аз ҳуқуқи журналистон талаб дорем, ки баҳри дифоъи ҳамтои худ садо баланд кунанд.
Сайдҷаъфар Маҳмадалиев, ТВТ
Ёқуби Содиқ, "Ҷумҳурият"
Турко Дикаев, "Asia-Plus"
Фирӯзи Ҳақназарзода, "Навиди Кӯлоб"
Маҳмуд Раҳматов, "Озодӣ"
Файзалиев Темуршо, "Минбари Халқ"
Билоли Шамс, "Бонувони Тоҷикистон"
Раҳмонов Сайид, "Кулябская Правда"
Дилшод Назирмад, "ТВС"
Суҳробшо Фаррухшоҳ, сухангӯи раиси шаҳр
Шарофат Худойдодова, "ТВС"
Низом Барот, "Нақлиёт"
Аслидин Достиев, "СССР"
Сайраҳмон Назриев, "Asia-Plus"
Уроқов Б, "СССР"
Муъмин Аҳмадӣ, "Озодӣ"
Барнои Бегмадзода
Орзу Каримов, "Озодӣ"
Умар Раҷабов, узви ИЖ Тоҷикистон
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ
Баҳриддини Сангиҳмад...”