ВИДЕО: Корхонаи писари Асадулло Ғуломов аз боҷу андоз озод шуд
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, имрӯз, 27-уми май ширкати "Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал"-ро, ки раҳбараш Акбар Ғуломов, писари собиқ ноиби сарвазир, марҳум Асадулло Ғуломов мебошад, аз пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда озод намуд.
Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молияи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонуни буҷа барои соли 2015 изҳор дошт, ин корхона, ки зимни воридоти техникаю таҷҳизоти сохтмонӣ аз пардохти боҷи гумрукию андоз аз арзиши иловашуда озод гардид, ба истеҳсоли гипсокартон машғул хоҳад шуд ва дар марҳилаи аввал то 10 ҳазор гипсокартонро дар як шабонарӯз тавлид хоҳад кард. Ба иттилои манбаъ ин имтиёз ширкатро аз пардохти ҳудуди 4 миллион доллар ба буҷа озод намуд.
Акбар Ғуломов, раиси "Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал" зимни баромад дар назди вакилон гуфт, корхонааш дар Ёвон сохта хоҳад шуд ва дар назар аст, давоми як сол ба кор шурӯъ намояд. Ғуломов изҳор дошт, ҳоло 45 дарсади гипсокартон аз Қазокистон, боқимонда аз Чин ба кишвар ворид мегардад ва бо оғози фаъолити корхона Тоҷикистон комилан ба маҳсулоти ватанӣ таъмин хоҳад шуд. Гузашта аз ин, нархи гопсокартон дар бозори кишвар наздики 35 дарсад арзон мешавад: “Аз 10 ҳазор гипсокартоне, ки истеҳсол мешавад, 7 ҳазораш барои қонеъ кардани талаботи дохилӣ кифоя аст ва боқимонда се ҳазори дигар ба Афғонистон содир хоҳад шуд”.
Ӯ мегӯяд, бо сохта ва ба истифода додани корхонаи мазкур дар марҳилаи аввал 200, дар марҳилаи дувум 150, дар маҷмӯъ 350 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҷои кор таъмин мешавад: “Яъне 80% аз Тоҷикистон ва 20% аз Хитой ба кор гирифта мешаванд, ки ҳаминҳо ҳам мутахассисоҳанд ва вақте тоҷикҳо мутахассис шуданд, мо онҳоро ҷавоб медиҳем”.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 12-уми ноябри соли гузашта зимни сафараш ба ноҳияи Ёвон ба мавзеи сохтмони ҶДММ "Хуаҷиан-Ғаюр-Индостриал" рафта, ба бунёди ин корхона санги асос гузошта буд. Дафтари матбуоти раисиҷумҳур гуфт, ин корхона дар майдони 3,2 га бо иқтидори истеҳсоли 10 ҳазор дона гипсокартон дар як шабонарӯз ба маблағи 17 миллиону 753 ҳазор доллари ИМА барои 150 ҷои корӣ бо истифода аз захираҳои табиии маҳалӣ ба истифода дода мешавад.