Зиёвиддини Нурзодро чор ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд
Зиёвиддини Нурзод, журналист ва овозхони тоҷик аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳаҷми чаҳор ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст.
Ин овозхони тоҷик дар нақзи қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон” айбдор шудааст. Як манбаъ аз Кумитаи дин рӯзи 27 май дар суҳбат бо “Озодагон” ин хабарро тасдиқ карда, гуфт, "Зиёвиддин Нурзод дар тӯйи соҳибкоре аз шаҳри Кӯлоб бе бастани шартнома овозхонӣ кардааст".
Ин дар ҳолест, ки қаблан масъулини Кумитаи дин аз ҷаримаи 8 сарояндаи дигари тоҷик дар вилояти Суғд ва Хатлон дар ҳаҷми аз 2,5 то чаҳор ҳазор сомонӣ хабар дода буданд.