Тоҷикистон барои мубориза бо маводи мухаддир аз Русия $5,5 млн. мегирад
Русия барои мубориза бо маводи нашъадор давоми се сол дар ҳаҷми 5,5 миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмак мекунад. Дар ин бора Виктор Иванов, раҳбари Хадамоти федеролии назорати гардиши маводи мухаддири Русия изҳор дошта, афзудааст, ин кӯмак дар доираи созишномаи байни ниҳоди таҳти идорааш ва Агентии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон амалӣ мешавад.
Ҷаноби Иванов, ки дар ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти салоҳиятдор оид ба муқобила бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои Созмони амнияти дастаҷамъӣ суханронӣ мекард, гуфтааст, ин маболиғ барои таъмини агентӣ бо техникаи муосир, омодасозии кадрҳо ва дигар ниёзҳо дар ин самт масраф мешавад. Ӯ дар идома афзуда, “Тоҷикистон бо Афғонистон, ки мутаасифона ба лабараторияи бузурги маводи мухаддир табдил ёфтааст, беш аз 1340 киллометр сарҳади муштарак дорад”.
Ҷаласаи шӯрои ҳамоҳангсози мақомоти дахлдор оид ба муқобила бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъадори давлатҳои аъзои Созмони амнияти дастаҷамъӣ бо иштироки намояндагони хадамотҳои мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, Арманистон, Белорусия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Русия дар Душанбе баргузор шуд.