Аввалин нишонаҳои сактаи мағзӣ: То омадани мошини ёрии таъҷилӣ чӣ бояд кард?
Ҳангоми пайдоиши сактаи мағзӣ танҳо кӯмаки саривақтӣ ва дурусти шумо метавонад хар гуна ҳодисаи нохушро пешгирӣ намояд. Ҳангоми мушоҳидаи чунин аломатҳо беаҳамият набошед! Нишонаҳои аввалин:
сустшавӣ ё лолшавӣ (гунгшавӣ), карахтшавии дасту пой аз як тараф;
каҷ шудани рӯй, карахтшавии ними рӯй;
гум кардани қобилияти суханронӣ;
чарх задании сар, якбора пастшавии биноии чашм;
гум шудани баъзе одатҳои маъмулӣ, қобилияти навиштан, хондан ва ғайра.
Барои боварӣ кардан ба шумо ин тести оддӣ кӯмак мекунад. Кӯшиш кунед, ки табассум кунед, баъд дастҳои худро дароз кунед ва чанд сония ҳамин хел нигоҳ доред. Баъдан ягон калимаи душворталаффузро ба забон биоред (масалан тридцать три бигӯед). Агар шумо ақаллан аз ӯҳдаи яктои ин амал набаромадед, зуд мошини ёрии таъҷилиро даъват кунед ва омадани мутахассиси соҳибтаҷрибаро талаб кунед.
То омадани мошини ёрии таъҷилӣ : То омадани мошини ёрии таъҷилӣ шумо бояд амалҳои зеринро анҷом диҳед:
Дар зери бемор болиштҳои баланд гузоред.
Тирезаро кушода монда, либосҳои танги беморро бадар кунед, гиребон ва миёнбанди беморро кушодтар кунед.
Фишори беморро бисанҷед. Агар он аз меъёр боло бошад, ба бемор доруҳои одатан дар чунин ҳолат мехӯрдагиашро бихуронед ё ақаллан пойҳои беморро дар оби ширгарм гузоред.
Ба бемор доруҳои махсуси ҳуҷайраҳои асабро ҳифз менамуда бидиҳед, масалан глицин.
Бодиққат бошед: дар ҳолатҳои вазнини сактаи мағзӣ ба бемор хуронидани доруҳои рагҳоро васеъкунандада манъ аст. Масалан , папаверина, но-шпа, кислотаи никотин. Ҳангоми хуронидани ин доруҳо рагхо на дар ҷои иллатдошта, балки дар қисмати мағзи сар васеъ мешаванд. Дар натиҷа хун ба ҳамон самт бештар равона мегардад, норасоии Ҳавои оксигении қисмати иллатдошта бошад, бештар мешавад.
Дар стационар:
Ду намуди гуногуни инсулт вуҷуд дорад: хунравон ва ишемикӣ. Намуди аввала зуд амал намуданро тақозо менамояд. Агар бемор бо нишонаҳои намуди якум интиқол ёбад, зуд беморро томографияи мағзи сар кардан лозим аст. Ин амал муайян хоҳад кард, ки нишонаҳои беморӣ тасдиқи худро меёбанд ё не, чунки дар ҳолати тасдиқи он интихоби усулҳои табобатӣ муҳим арзёбӣ мегардад ва ҳамагӣ якчанд дақиқаро мегирад.
Дар ҳолате, ки бемор гирифтори сактаи мағзии хунравон бошаду ба ӯ аз усулҳои хуби дармонии сактаи мағзии ишемикӣ кор бигирем, мумкин аст, ба бемор таъсири бад расонад.
Агар нишонаҳои намуди авввали беморӣ тасдиқ нашавад, пас беморро аз томографияи магнитӣ-резонансӣ гузаронидан лозим аст. Ҳангоми сактаи мағзии ишемикӣ ин намуди томография муфид аст. Ин усул ним соат вақтро талаб мекунад. Дар вақтхои иловагӣ ташхисҳои дигар, аз назар гузаронидани рагҳои хунгузар, ангиография кардан мумкин аст.