Афви тоҷикистоние, ки ба қасди худкушӣ 635 миллион рублро сӯзонд
Додгоҳи вилоятии Саратов Рафида Минигалеева, шаҳрванди 53-солаи Тоҷикистонро, ки барои оташ задани бозори “Сенной” ва расондани 635 миллион рубл зарар ба соҳибкорон ба 4 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба муносибати 70-умин солгарди Ғалаба афв кардааст.
Қаблан додгоҳи ноҳиявии Киров Минигалееваро дар оташсӯзии бозори “Сенной” гунаҳкор хонд, ки моҳи феврали соли гузашта рух дода, дар пайи он 1500 метри мураббаи бозор нобуд ва ҳудуди 200 соҳибкор зарар диданд. Ҳаҷми умумии зарари он сӯхтор 635 милион рубл арзёбӣ шуда буд. Феълан бо назардошти синни маҳкумшуда, даст кашидани зарардидагон аз даъвои худ ва дигар омилҳо додгоҳ Минигалееваро афв кардааст.
Андрей Чепурной, ноиби сардори пулиси вилояти Саратов қаблан гуфт, ин зан дар яке аз хаймаҳои бозори “Сенной” ба фурӯши либосҳои махсуси моҳигирӣ машғул будааст ва зимни бозпурсӣ изҳор доштааст, он замон мушкили молӣ дошт ва бозорро ба нияти худкушӣ сӯзондааст: “Сабти дастгоҳҳои назоратӣ нишон доданд, ки аз нуқтае, ки оташ сар зад, ин зан бо як зарфи панҷлитрӣ баромад. Маводи сӯхтро ин зан чанд рӯз пеш аз ҳодисаи сӯхтор оварда, баъди сӯхтор аввалин шуда, ба муҳофизон хабар додааст. Ӯ қаблан низ дар суҳбат бо наздиконаш аз нияти худкушӣ суҳбат кардааст.”
Пулиси Саратов инчунин мегӯяд, вақти даст задан ба сӯхтор ин зан дар ҳолати мастӣ қарор доштааст. Ба иттилои мақомоти пулиси Русия ин зан шаҳрвандии Тоҷикистонро дошта, соли 2002-юм аз Узбакистон ба Саратов рафтааст.