Дилшод Назаров аввалин роҳхат ба Олимпиадаи 2016-ро соҳиб шуд
Дилшод Назаров аввалин варзишгари тоҷик аст, ки ҳуқуқи иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2016-и Рио-де-Женейрои Бразилияро ба даст овард.
Душанбеи 25 май Дилшод Назаров, гурзпартои маъруфи тоҷик дар мусобиқаи анъанавии силсилаи Шоҳҷоизаи “Оstrava golden spike” дар Чех натиҷаеро ба даст овард, ки дар ҷаҳон дувум аст. Дилшод гурзро ба масофаи 79,36 метр партофт ва ин нишондод ба ӯ ҳуқуқи иштирок дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳонро медиҳад, ки 22-30 август дар Пекини Чин доир хоҳад шуд.
Нишондоди мазкур ба ӯ ҳаққи ширкат дар бозиҳои олимпии соли 2016-ро ҳам медиҳад. Инчунин, Дилшод Назаров аз 3 то 7 июни имсол дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё, ки дар шаҳри Ухани Чин баргузор мешавад, ширкат меварзад.
Бозиҳои олимпии соли 2016 чаҳорумин бозиҳои олимпие мебошад, ки Дилшод Назаров дар он ширкат мекунад. Ӯ соли 2004 дар бозиҳои олимпии Афина, соли 2008 дар Пекин ва соли 2012 дар Лондон ширкат карда буд.
Дилшод Назаров дар гурзандозӣ ду маротиба (2009, 2013) унвони қаҳрамони Осиёро соҳиб шудааст. Ҳоло ӯ ба сифати муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон кор мекунад.