Дабири кулли СММ пас аз боздид аз Душанбе ба Тошканд меравад
Пан Ги Мун, дабири кулли Сомзони Милали Муттаҳид, ки қарор аст, ибтидои моҳи июни соли равон ба Тоҷикистон ояд, сафареро низ ба Узбакистон анҷом медиҳад.
Ба иттилои расонаҳои хабарӣ, дабири кулли СММ баъд аз анҷоми Конфронси байналмилалии “Об барои ҳаёт” озими шаҳри Тошканд шуда, дар доираи ин сафараш ба Узбакистон бо мақомоти баланпояи ин кишвар мулоқот ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 аз 9 то 11 июни соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, дар он намояндагони баланпояи наздик ба 70 кишвари дунёву 50 созмони байналмилалӣ, аз ҷумла Пан Ги Мун ширкат хоҳанд кард.
Сафари охирини дабири кулли СММ ба Тошканд моҳи апрели соли 2010 сурат гирифта, дар ҷараёни он Пан Ги Мун бо Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон мулоқот карда буд.