Мулоқоти Муҳиддин Кабирӣ бо тоҷикони муқими Олмон
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ки дар доираи як сафар ҳоло дар Аврупо қарор дорад, бо тоҷикони муқими Олмон мулоқот кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҲНИТ, вохурии Кабирӣ бо тоҷикони муқими Олмон рӯзи 25 май дар шаҳри Дортмунд баргузор шудааст.
Манбаъ мегӯяд, қарор аст, раиси ҲНИТ дар доираи ин сафараш ба Аврупо бо масъулини Вазорати умури хориҷии Олмон дар шаҳри Берлину масъулини Иттиҳодияи Аврупо оид ба Осиёи марказӣ дар шаҳри Брюссел низ мулоқот кунад.
Дафтари матбуоти ҲНИТ афзудааст, ки Муҳиддин Кабирӣ ба хотири иштирок дар конфронсе бахшида ба рушди ифротгароӣ дар Ховари Миёна сафареро низ ба Шветсария анҷом хоҳад дод.