Дар Чин мансабдоронро барои ибратгирӣ ба зиндон бурданд
Мақомоти музофоти Хубеэйи Чин дар доираи як барномаи зидди коррупсионии худ мансабдорони давлатиро ба мулоқоти маҳбусоне бурдаанд, ки ба иттиҳоми ришваситонӣ дар зиндон қарор доранд.
Ба иттилои “China Daily”, ин вохурии мансабдорони давлатӣ, ки онҳоро афроди оилаашон низ ҳамроҳӣ мекарданд, дар утоқҳои нигаҳдории маҳбусон баргузор шуда, ба он 70 соҳибмансаб ҷалб шуда буд.
Манбаъ ин иқдомро ташаббуси Кумисюни марказии ҷумҳурии халқии Чин оид ба таҳқиқи интизом хондааст: “Ин вохурӣ ба он хотир буд, ки мансабдорон бубинанд, оқибати ришваситонӣ чӣ аст.”