Сокинони “Асфалтний”: Мақомот эътиқоди мардумро ба Ҷаноби Олӣ кам мекунанд (АКСУ ВИДЕО)
И. СУЛАЙМОНӢ
С. САФАР
Теъдоде аз сокинони кӯчаи Ҳувайдуллоеви ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки қарор аст ҷойи хонаҳои зисташон иншооти давлатие бино шавад, мегӯянд, маблағи пешниҳоднамудаи давлат бар ивази арзиши манзилҳо хеле ночиз аст. Ба гуфтаи ин сокинон барои гирифтани ин миқдор пул розӣ нашудаанд. онҳо мегӯянд, дар маҷмӯъ 18 манзил ва чанд корхонаи тавлидотии хурд бояд аз ин мавзеъ кӯчонда шавад. Гуфта мешавад, дар ин хонаҳо дастикам 35 хоҷагӣ иқомат мекунад, ки дар ҳар кадоме беш аз 5 нафар зиндагӣ доранд.
Ин сокинони маҳаллаи мавсум ба “Асфалтний” мегӯянд, аз тасмими мақомот барои кӯчонидан мухолиф нестанд, вале талаб доранд, ба онҳо баробар ба арзиши хонаҳояшон пул ва ё манзил барои иқомат дода шавад. Алибахш Бахшиев, сокини 64-солаи ин маҳалла мегӯяд, онҳоро рӯзи 21-уми май ба ҳукумати ноҳияи Сино даъват карда, дар ҳузури намояндаи тамоми сохторҳои дахлдор гуфтаанд, инҷо як бинои давлатӣ сохта мешавад ва шумо бояд пулеро, ки давлат дар баробари хонаҳоятон пешниҳод кардааст бигиреду барои худ хона пайдо намоед: “Мо гуфтем, ки аз тасмими давлат ҳеч норизоятӣ надорем, мувофиқи қонуни давлату ҳукумат моро ризо кунед. Мувофиқи хонамон сексия бидиҳед ё агар сексия надоред, мувофиқи нархи хонаҳо маблағ бидиҳед, ки битавонем ягон ҷои дигар рафта хона бигирем ё замин бихарему хона бисозем”.
Ин сокини 64-солаи Душанбе мегӯяд, мақомот арзиши хонаи ӯро 300 ҳазор сомонӣ муаяйн кардаанд, ки бисёр ноодилона аст: “Мо, дар ин хона 18 нафар зиндагӣ мекунем. Ман бо ҳамсарам, се писарам бо зану фарзандонашон ва ду набераи ятимам. Хонаи ман, ки танҳо ҷойи шишташ бештар аз 170 метри мураббаъ мебошад, барои ҳар метри мураббаш, тақрибан 200 долларӣ нарх гузоштаанд, ки бо ин маблағ ҳатто як хонаи дуҳуҷрадор харида наметавонем. Ин нархгузорӣ дар ҳолест, ки хонаҳои мо дар маркази шаҳр қарор доранд ва бояд як метри мураббаъ нисбат ба дигар минтақаҳои шаҳр гаронтар нархгузорӣ шавад. Ба ин дараҷа ҳам набояд бошад, халқро ҳам фикр кардан даркор аст. Чор танга медиҳанду бирав, куҷое, ки хона ёфтӣ, куҷое, ки замин ёфтӣ”.
Маҳмадулло Носиров, муовини аввали раиси ноҳияи Сино дар суҳбат бо хабарнигорони “Озодагон” гуфт, дар воқеъ ин сокинон ба ҳукумати ноҳия даъват шуданд ва намояндаи фармоишгари сохтмон -- Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон бо онҳо суҳбат намуд. “Муовини аввали Дирексияи сохтмонии Дастгоҳияи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар ҷаласа иштирок кард ва дархости ин сокинонро навишта гирифтанд ва гуфтанд, мо мебинем”,-афзуд ӯ.
Ҷаноби Носиров изҳор медорад, ҳоло дар нархгузорӣ тағйирот мешавад ё не, чизе гуфта наметавонад, “зеро ин масъулияти фармоишгар аст ва онҳо бо сокинон ҳамкорӣ доранд”.
Алиназар Одинаев, сокини дигари кӯчаи Ҳувайдуллоев, ки дар гузашта раиси маҳалла будааст, мегӯяд, тақрибан охирҳои моҳи январ ва аввалҳои моҳи феврал огоҳномае оварданд, ки дар он гуфта мешуд, “сохтмонҳои нав накунед ва касеро дар суроғаҳои хонаҳоятон номнавис накунед”. Ба қавли ӯ, “аммо дар он огоҳнома гуфта намешуд, ки дар баробари хонаҳои шумо ин қадар маблағ ҷудо шудааст ва ё то фалон замон муҳлат доред, ки мавзеъро холӣ кунед, ин тавр гапҳо набуд. Як рӯз бо профессор (Муҳаммад Ҷӯраев) писарамро ба Дирексияи сохтмонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон фиристодам. Онҷо гуфтаанд, ба мо ягон маълумот дар бораи нархи хонаҳоятон наомадааст ва мо ба шумо чизе гуфтан наметавонем. Вале онҷо гуфтаанд, ки зиқ нашавед, давлат шуморо дар роҳ намепартояд. Шумо агар ба ҳамон пуле, ки муайян мешавад, розӣ набошеду имзо накунед, ҳеч кас наметавонад шуморо пеш кунад”.
Сокини дигари ин кӯча, Муҳаммад Ҷӯраев, мудири кафедра дар Донишкадаи баъдидипломии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам мегӯяд, ҳеч даъвои барзиёд надоранд, танҳо ҳаққи ҳалолашонро бидиҳанд, то дар ҷои дигар хона харида тавонанд:
“Аммо ба мо пешниҳод накарданд, ки ба шумо хона бидиҳем. Фақат ҳамин, ки ҳамон суми худашон муайянкардаро медиҳанду худат меравӣ хона кофта мехарӣ. Бо ин миқдор маблағе, ки онҳо ҷудо кардаанд, мо ҳеч куҷо рафтан наметавонем. Мо ба хулосае омадем, ки ба номи Ҷаноби Олӣ, Президенти Тоҷикистон мактуб бинависем. Мактуб омода ҳаст, фақат имзоҳоро мегузорем ва нархномаҳоро замима мекунем, то Ҷаноби Олӣ ба мушкили мо расидагӣ кунад. Зеро мо боварӣ дорем, ки Ҷаноби Олӣ тарафдори халқ аст. Ин мақомот коре мекунанд, ки эътимоди мардумро аз Ҷаноби Олӣ кам бикунанд”.
Ин сокинон мегӯянд, онҳо намедонанд, нархномаи арзиши хонаҳои онҳоро кӣ муқаррар кардааст. “Мо аз ташкили кадом як комиссия хабар надорем, касе аз мо ҳам даъват нашудааст, ки ту чӣ қадар хона дориву чӣ миқдор хонаат арзиш дорад ва ё касе аз мо аъзои комиссия бошад. Фақат дар ҳукумати ноҳияи Сино як касе ҳамин нархҳоро хонд ва гуфтанд, ки ба шумо ҳамин қадар маблағ дода метавонем ва мо розӣ нашудем. Ҳатто раиси ноҳияи Сино намедонист, ки ин нархнома бар асоси чӣ тартиб дода шудааст. Аз онҳо пурсид, ки мардумро огоҳ карда будед, гуфтанд, ки бале огоҳ кардем. Вале моро огоҳ карда буданд, ки дар ҷойи хонаҳои шумо иншооти давлатӣ сохта мешавад ва то мушаххас шудани тасмими ниҳоӣ аз сохтмонҳои нав ва таъмиру масрафот худдорӣ кунед, вале дар бораи нархнома моро касе огоҳ накарда буд”,-изҳор медоранд сокиноне, ки қарор аст мавзеъи хонаҳояшон барои сохтани иншооти мақомоти давлатӣ истифода шавад.
Вале ба қавли онҳо, мақомот гуфтаанд, мо арзу пешниҳоди шуморо ба баррасӣ мегирем: “То ҳол аз мақомот моро фишор наовардаанд, ки Шумо ҳатман инҷоро холӣ кунед ва бо ҳамин нарх розӣ шавед, вале арзу талаби мо ин аст, ки арзиши хонаҳоямон дуруст муайян карда шавад ва ба мо маблағе бидиҳанд, ки битавонем барои худ хона бисозем, то дар кӯчаву хиёбон намонем”.
Давлат Касиров, соҳибкоре, ки инҷо як корхонаи тавлиди хиштҳои бетонӣ (газоблок) дорад, мегӯяд, корро тоза оғоз кардааст, вале акнун маҷбур аст, ин мавзеъро холӣ кунад. Давлат мегӯяд, ба ӯ дар баробари 800 метри мураббаъ замини корхонааш ҳамагӣ 500 ҳазор сомонӣ маблағ додаанд, ки бисёр ночиз аст ва тасмим дорад, ин маблағро бозпас бисупорад.
Сокинон мегӯянд, тамоми хонаҳояшон санад дорад ва қисми бештари онҳо замони раиси шаҳр будани Мақсуд Икромов қарори сохтмони хонаҳояшонро дарёфт кардаанд. Ҳоло дар нархномаи мақомот танҳо мавзеъи манзилҳо ворид шудааст ва қитъаҳои замини назди хонаҳояшон, ки санади онро низ доранд, вориди нархгузорӣ нашудааст. Ба гуфтаи онҳо, ба ҳеч ваҷҳ розӣ нестанд, ки арзиши хонаҳояшон ба ин андоза кам мушаххас шавад ва онҳо натавонад, ки хона бихаранду зану фарзандонашон сари роҳ бимонанд.