Черевченко: Аз забони тоҷикӣ то ваъдаи ниҳоди Р. Эмомалӣ
Игор Черевченко, собиқ футболбози дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки феълан иҷрокунандаи вазифаи сармураббии тими футболи “Локоматив”-и Русия мебошад, пас аз гирифтани Ҷоми Русия изҳор доштааст, ки ин ғолибияти дастаашро ба падараш-марҳум Геннадий Черевченко, бозингарони маъруфи дастаи “Помир”-и Душанбе бахшидааст.
Игор Черевченкои 41-сола пас аз гирифтани Ҷоми Русия оид ба футбол дар мусоҳибааш бо “Спорт Экспресс” Тоҷикистонро ватани хеш ва “Швейтсарияи Осиё” хонда, афзудааст, ки ният дорад, 31-уми май аз Тоҷикистон боздид кунад: “Ман он ҷо зода шудаам. Вале як тафовути хеле муҳим дар миён аст. Он замон Тоҷикиситон қисмате аз Шӯравӣ буд, ки хеле нуктаи муҳим аст. Ба ҳар ҳол Тоҷикистонро дуст медорам. Ин кишвар Швейтсария дар Осиё аст. Он ҷо ҳам куҳ, ҳам дарё ва ҳам сабз аст. Хеле зебо аст. Агар Шӯравӣ аз ҳам намепошид, фикр мекунам, онҷо зиндагӣ мекардам. Бори охир моҳи декабри соли гузашта ба мусобиқаи футбол, ки ба хотири падарам баргузор шуд, ба Тоҷикистон рафтам ва ният дорам 31-уми майи соли ҷорӣ ҳам барои ин мусобиқа ба Тоҷикистон равам”.
Черевченкои хурдӣ изҳор доштааст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон, ниҳоди зертобеи Рустами Эмомалӣ барояш ваъдаи кумак кардааст, то мусобиқаи футболи ба номи падарашро ба сатҳи ҷаҳонӣ барорад: “Зимнан, баъди ғалабаи дастаи “Локомотив” аз Федератсияи Тоҷикистон низ занг заданду табрик карданд. Гуфтанд, бо шумо фахр мекунем”.
Иҷрокунандаи вазифаи сармураббии дастаи “Локомотив” изҳор доштааст, ки падараш дар Тоҷикистон дӯстони зиёд дорад ва вақте соли гузашта, баъди даргузашт бархе барои ҳамдардӣ ба ӯ занг мезаданд, аз андуҳ худро дошта натавонистанд ва мегиристанд.
Дар мавриди забони тоҷикӣ Черевченко афзудааст, ки замони зиндагияш дар Тоҷикистон ин забонро пурра мефаҳмид ва фикрашро озод баён мекард: “Дар мактаб забони тоҷикӣ мехондам. Ҳоло фаромӯш карда истодаам. Вале ин забони бисёр муфид аст. Ҳанӯз дар ёдам аст, ки бо тими мунтахаби Эрон дар ҷоми Осиё бозӣ доштем. Бо дӯсти сафедпусту кабудчашмам, ки зоҳиран на ба тоҷику на ба эронӣ монанд буд, ба бозори Теҳрон рафтем. Он дӯстам бо забони тоҷикӣ бо тоҷирони бозор суҳбат кард, ки онҳо шигифтзада шуданд ва зуд нархро арзон карданд. Тоҷикӣ ва форсӣ қариб як забонанд”.
Черевченкои хурдӣ ҷанги шаҳрвандиро далели рафтани худ аз Тоҷикистон гуфтааст.