Фоҷиаи Фархунда дар Амрикои марказӣ такрор шуд
Дар Гватемала духтари 16-солаеро, ки дар куштори як ронанда гумонбар мешуд, зинда оташ задаанд.
Ба иттилои шабакаи телевизионии estrella.tv, ин ҳодиса рӯзи 20 майи соли равон дар шаҳраки Рио Браво рух дода, духтар фарзанди раҳбари як гуруҳи ҷиноӣ буда, ки падараш ҳоло дар зиндон қарор дорад. Шабака бидуни овардани ному насаби қурбонӣ, мегӯяд, ӯ ба иттиҳоми ҳамдастӣ дар қатли ронандаи 68-солае латтукӯб ва бо истифода аз сузишворӣ зинда оташ зада шуд, ки аз додани “моҳона” ба гуруҳи падараш худдорӣ кардааст.
Телевизиони “estrella.tv” навори видеоиеро аз ҷараёни ҳодиса ба намоиш гузошта, ки дар он гуруҳи ҷавонон ин духтарро ба миёни хиёбон бароварда, зери мушту лагад қарор медиҳанд ва бархе низ аз мӯйи сараш кашола мекунанд. Муҷрии барномаи estrella.tv ҳангоми намоиши навор таъкид мекунанд, ки ин ҳодиса дар рӯбарӯи маъмурини пулис рухдода, омилони он монеи дахолати пулис ва наҷоти духтар шудаанд.
Расонаҳои Гватемала ҳангоми пӯшиши хабарии ин ҳодиса аз амалкарди мақомоти пулиси худ ба шиддат интиқод кардаанд, ки бидуни аксуламал макони ҳодисаро тарк карданд.