Ҳукми 3 шаҳрванди Узбакистон барои қочоқи $ ба Тоҷикистон
Додгоҳи шаҳри Бекободи вилояти Тошканд се сокини ин шаҳри наздимарзиро барои интиқоли ғайриқонунии доллар ба Тоҷикистон ба 6 ва 7 соли зиндон маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои мақомоти Узбакистон Б. Миннодиров, И. Абдибоев ба 7 соли зиндон ва Ш. Муминов ба 6 соли зиндон маҳкум шудаанд: “Ин шаҳрвандон дар он гунаҳкор дониста шуданд, ки бе қайди гумрукӣ аз Узбакистон ба Тоҷикистон миқдори зиёди асъори хориҷиро содир мекардаанд. Ҳар кадоме аз маҳкумшудагон барои ин хидмати худ аз намояндагони “тиҷорати пинҳонӣ” 250 доллари амрикоӣ мегирифтаанд”.
Расонаҳои Узбакистон аз қавли Хадамоти амнияти миллияшон афзудаанд, ки ин се сокини Бекобод моҳи феврали соли 2014 дар ҳоле боздошт гардиданд, ки қасди интиқоли 200 ҳазор доллари амрикоӣ ба Тоҷикистонро доштаанд: “Дар маҷмуъ маҳкумшудагон дар қочоқи 1 миллиону 800 ҳазор доллари амрикоӣ ба хориҷ даст доштаанд. 500 ҳазор долларе, ки зимни боздошт аз онҳо дарёфт шудааст, ба фоидаи давлат мусодира гардидааст”.