Уфти назарраси қурби доллар, рубл ва евро дар Тоҷикистон
Қурби як доллари амрикоӣ, ки ҳафтаи гузашта ба 6,52-6,54 сомонӣ баробар буд, субҳи имрӯз, 25-уми май дар нуқтаҳои мубодилаи асъори шаҳри Душанбе 6,40-6,42 сомониро ташкил медиҳад.
Қурби 1000 рубли Русия низ аз 131 сомонии ҳафтаи гузашта, имрӯз то ба 126-128 сомонӣ поин рафтааст.
Евро низ дар Тоҷикистон ба таври назаррас арзон шуда, арзиши он аз 7,50 сомонии ҳафтаи гузашта, феълан то ба 7,10-7,20 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Коҳиши қурби асъори хориҷӣ нисбат ба пули миллӣ дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон зимни тасвиби таъиноти муовинони нави раиси Бонки Миллӣ дархост карда буд, ки ба коҳиши асъори хориҷӣ ва устувории пули миллӣ диққати ҷиддӣ диҳанд.