Тахриби беш аз 20 санги сари қабр дар Ревади Айнӣ
Дар рустои Ревади ноҳияи Айнӣ афроди номаълум даҳҳо санги сари қабристони гузари Куҳи болоро шикастаанд.
Сироҷиддин Шарофиддинов, як сокини деҳаи Ревад дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, ашхоси ношинос 21 санги сари қабрҳоро бо путк пора кардаанд. Ӯ мегӯяд, ҳанӯз маълум нест, ин амал аз сӯи кӣ ё киҳо ва бо кадом ҳадаф анҷом шудааст: “Ин воқеа чанд рӯз пеш рӯй додааст. Мардум ҳама аз ин кор ҳайрон аст”.
Оқои Шарофиддинов афзуд, мақомоти Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Айнӣ аз ин қазия огоҳ аст ва омилони онро ҷустуҷӯ мекунад. Як корманди Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Айнӣ ҳам имрӯз, 23 май ба “Озодагон” гуфт, тафтишот дар ин замина идома дорад, аммо ҳоло ба ҳеч натиҷае нарасидаанд.
Як сокини дигари деҳаи Ревад ба “Озодагон” гуфт, ҳодисаи тахриби сангҳо рӯзи 19 май ба вуқӯъ пайваста, дар маҷмӯъ 25 санги мармарро пора кардаанд: “Инчунин дар қишлоқ шахси номаълум ба бомҳои мардум санг мепартояд, ки дар натича як чанд “шефир”-и хонаҳо шакаста аст”.
Гуфта мешавад, ин нахустин ҳодисаи шикастани сангҳои сари қабр дар минтақаи ноҳияи Айнӣ мебошад.
Пора кардани санги сари қабр дар Тоҷикистон ҳодисаи нодире ҳам нест. Ахиран, панҷараи қабристони масеҳиёни Фархор аз ҷониби афроди номаълум рабуда шуд. Радиои "Озодӣ" дар аввоили моҳи январ хабар дод, ки афроди ношинос панҷара ва салибҳои фулузии рӯи гӯрҳоро дуздидаанд.