Оҷонсӣ: Муовини раиси Кумитаи идораи замини Спитамен $15000 пора хостааст
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон аз боздошти муовини раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Спитамени вилояти Суғд хабар дод, ки дар гирифтани пора муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Оҷонсӣ, ин масъули идораи замин барои ҷудо кардани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз шаҳрванд “А” 15000 доллар ба сифати пора талаб намуда, 13 май ҳангоми гирифтани пора дар ҳаҷми 7500 доллар дастгир мешавад.
Манбаъ мегӯяд, ин мансабдор дар гузашта низ аз шаҳрвандон пора мегирифтааст: “Муайян карда шуд, ки номбурда пеш аз муовини раиси Кумитаи идораи замини Спитамен таъин гардиданаш, дар Корхонаи давлатии фаръии бақайдгии техникии ин ноҳияи ҳамчун директор фаъолият намуда, барои ҷудо карда додани 0,06 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки он замон ба доираи ваколати хизматиаш дохил намешуд, ғайриқонуни амал намуда, шаҳрванд “Б”-ро ба гумроҳӣ оварда, аз ӯ барои иҷрои ин амалаш маблағи 25000 доллари ИМА талаб намуда, маблағи умумии 450 000 рубли русиро, ки дар таносуб бо доллари ИМА, 12 500 долларро ташкил медод, аз шаҳрванд “Б” гирифта, ягон амалеро иҷро накардааст”.
Ба иттилои Оҷонсӣ, нисбати дастгиршуда бо моддаи 319 қисми 4, банди “г”-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.