Э.Раҳмон: Ҷалби ҷавононро ба корҳои идоракунии давлатӣ муҳим мешуморем
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар як паёми телевизионӣ ҷавонони тоҷикро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мегардад, табрик намуда, ба онҳо осмони соф, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар корҳояшон пирӯзиҳои нав ба нав орзу кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин паём ҷавононро нерӯи ояндасози давлати соҳибистиқлол хонда, аз донишомӯзии онҳо, аз ҷумла азхуд намудани илму донишҳои муосир ба хотири рушду тарақиёти кишвар изҳори қаноатмандӣ намудааст. Ба иттилои дафтари матбуотии президент, раисиҷумҳури кишвар қайд намудааст, ки имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст: “Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд. Мо барои ҳавасманд гардонидани ҷавонону наврасони соҳибистеъдод як қатор имтиёзҳо муқаррар намуда, ҷалби онҳоро ба корҳои идоракунии давлатӣ муҳим мешуморем. Бо ин мақсад пешбарии ҷавононро ба вазифаҳои роҳбарикунанда чун падидаи ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома медиҳем. Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун нерӯи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем”.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир баъзе ҷавонон ба ҷойи сайъу талоши фаъолона дар роҳи илму донишомӯзӣ, азхуд кардани касбу ҳунар ва ширкат дар корҳои ободониву созандагӣ ба амалҳои номатлубе даст зада истодаанд, ки гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хатарнок ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон на танҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру огоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор мебошад. Ба қавли президент, истиқлолият ҳамон вақт маънӣ ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихӣ ҳаматарафа омӯзанд, ба ҳифзи дастоварҳои кишвари соҳибихтиёри худ ҳамеша омода ва аз равандҳои солиму носолими ҷаҳони имрӯза огоҳ бошанд ва таърихи гузаштаву муосири халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон қайд намудааст, ки барои таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватан на танҳо ба мутахассисони баландихтисоси низомӣ, балки ба сарбозони ҷавони ҷасуру далер, бомаърифату соҳибфарҳанг, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва содиқ ба давлату миллат эҳтиёҷ дорем: “Мо дар ин масъала низ, пеш аз ҳама, ба шумо - ҷавонон такя мекунем ва бовар дорем, ки шумо ҳамчун фарзандони бонангу номус ва қавииродаву ғаюр аз иҷрои ин рисолати фарзандии худ низ сарбаландона мебароед. Асри ХХ1, ки давраи тараққиёти босуръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи ақли инсонӣ мебошад, ба нерӯи офарандаву созандаи ҷавонони эҷодкор, ҷӯянда ва навовар аз ҳар вақти дигар бештар ниёз дорад. Ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди бофарҳанги хешро зинда нигоҳ доранд”.
Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, итминони комил дорад, ки ҷавонони ватандӯсти минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар густариши ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон иброз намудааст, “шубҳае нест, ки эҳтироми муқаддасоти миллӣ, гиромидошт ва ҳифзи Ватан, миллат, забон ва арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи куҳанбунёдамон ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва амнияту осудагии Тоҷикистон минбаъд низ мароми зиндагии ҷавонони ватандӯсти мо хоҳад буд”.