Ҳабси Фотимаи тоҷикистонӣ барои маблағситонӣ аз маҳбусони доро
Дар доираи парвандаи пурсарусадои қаллобӣ дар боздоштгоҳи рақами 1, - «Матросская тишина»-и Маскав як зани зодаи Тоҷикистон, Фотима Найфонова низ ҳабс карда шудааст.
Тибқи иттилои мақомоти Русия шоми 21-уми май додгоҳи ноҳияи Преоброженски Маскав қарори ҳабси 6 муттаҳам дар қаллобӣ, аз ҷумла сардори шуъбаи фаврии боздоштгоҳи мазкур Михаил Захарови 33-соларо низ содир намудааст, ки аз маҳбусони доро бо роҳи таҳдиду қаллобӣ маблағ меситондаанд.
Ба иттилои тафтишот ташкилкунандаи тарҳи ин қаллобӣ ва маблағситониҳо аз маҳбусони доро маҳз Михаил Захаров мебошад, ки бо ҷалби тобеини худ ва як маҳбус бо номи Элдар Векуа ба боздоштшудагони доро фишор оварда, онҳоро маҷбур мекардааст, ки ба корти бонкии Фотима Найфонова, духтури рентгенолог, ки зодаи Тоҷикистон аст, маблағҳои ҳангуфт гузаронад.
Додгоҳи ноҳияи Преоброженски Маскав зимни эълони қарори ҳабси Фотима, зодаи Тоҷикистон, ки дар Осетия қайди доимӣ дошта, дар яке аз беморхонаҳои Маскав кор мекардааст, изҳор доштааст, ки ин зан бо доираҳои ҷиноӣ робита дорад ва ба ҳамин хотир зимни тафтишоти пешакӣ то моҳи июл дар ҳабс хоҳад буд.
Қаллобии пурсарусадо дар боздоштгоҳи рақами 1-и Маскав баъди он оммавӣ шуд, ки падари яке аз маҳбусони доро, ки бояд 11,5 миллион рубл ба корти бонкии Фотима Нанова мегузаронд, баъди пардохти 1 миллион рубл дигар имкон наёфта, ба мақомоти Русия муроҷиат намудааст.
Феълан бо қарори додгоҳ 6 узви ин гуруҳи муттаҳам дар қаллобӣ, аз ҷумла масъулини боздоштгоҳи рақами 1 ба ҳабс гирифта шуда, тафтиши қазия идома дорад.