Эмомалӣ Раҳмон: Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буду ҳаст
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 22 май бо Павел Конков, губернатори вилояти Ивановои Русия мулоқот кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбат бо қаноатмандӣ аз муҳтавои муносибот миёни Тоҷикистону Русия изҳор доштааст, “Федератсияи Русия шарики асосии сармоягузори Тоҷикистон буду ҳаст, зеро ҳоло наздики 50% сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишвар ба ин шарики стратегии мо рост меояд”.
Раисиҷумҳури кишвар таъкид намудааст, бояд ин тамоюл натанҳо нигоҳ дошта шавад, балки густариш ёбад. Манбаъ мегӯяд, бо таваҷҷуҳи махсус ба робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар, аз ҷумла миёни вилоятҳои Суғду Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Ивановои Русия таъкид гардид, ки дурнамои чунин ҳамкорӣ басо умедворкунанда аст: “Тазаккур дода шуд, ки ҳоло миёни минтақаҳои ду кишвар беш аз 75 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст”.
Дар ин мулоқот рушди ҳамкорӣ бо вилояти Ивановои Русия дар соҳаҳои энергетика, саноат, нақлиёт, сохтмон, технологияҳои муосир, кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ чун пахта, меваю сабзавот ва ба роҳ мондани содироти маҳсулоти хушсифат дорои дурнамои хуб номида шудааст. Дафтари матбуотии раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ба масоили муташаккилона ба роҳ мондани фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Ба иттилои манбаъ, дар ин вохӯрӣ гуфтугӯ ҳамчунин доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг сурат гирифта, ёдоварӣ шуд, ки ҳоло 500 донишҷӯи тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии воқеъ дар вилояти Ивановои Русия таҳсил мекунанд ва имкон дорад ин шумора оянда хеле афзун гардад.