Мақомот бедаракшавии прапоршики Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятиро тасдиқ кард
Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Варзоб мегӯяд, ҳамроҳ бо кормандони пулиси ноҳияи Исмоили Сомонии Душанбе ба ҷӯстуҷӯи прапоршики Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки аз чор рӯзи пеш бедарак аст, оғоз кардааст.
Валиҷон Табаров, сардори ШКД-и Варзоб имрӯз, 22 май дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, Ҷӯрабек Дӯстов, сокини маҳаллаи Арақчии ин ноҳия, ки дар Раёсати ислоҳи ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия кор мекард, 4 рӯз боз бедарак мебошад.
Ӯ мегӯяд, дар робита ба нопадид шудани Дӯстов дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонӣ парванда боз шуда ва дар ҷустуҷӯӣ прапоршик Дӯстов кормандони пулиси Варзоб ҳам ҷалб шудаанд: “Чанд рӯз пеш як мошин ба дарёи Варзоб рафт, онро ёфтанд ва маълум нест дохили он чанд нафар буд. Агар Ҷӯрабек Дӯстов низ дохили ҳамон бошад, ба наздикӣ маълум мешавад”.
Фароғат Холова, ҳамсари Дӯстов ба “Озодӣ” гуфтааст, шавҳараш соати чори рӯзи 8 май аз хона берун шуда гуфтааст, ба туйи як ҳамкораш меравад: "Баъзе ҳуҷҷатҳояшро гирифта баромад ва гуфт, ки шояд шаб омада натавонад”.
Ҷӯрабек Дӯстовро аз ҳамсоядеҳони полковник Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи Дастаи таъиноти махсуси ВКД ё “ОМОН”-и Вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, ки ахиран дар мавриди бедарак шуданаш сару садоҳо зиёд аст. Бархе расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар мақомот иттилоъ доданд, ки бо қасди ҳамроҳ шудан ба гуруҳи террористии мавсум ба “Давлати исломӣ” ба Сурия рафтааст. Мақомот расман дар мавриди бедарак шудани ӯ иттилое надодаанд.