Шарҳи Кумитаи дин перомуни гарон будани сафари ҳаҷ барои тоҷикистониҳо
Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе далели гарон будани нархи сафари ҳаҷ дар кишварро нисбат ба Қирғизистон шарҳ додааст.
Ин ниҳод мегӯяд, сабаби аслии гарон будани нархи сафари ҳаҷ барои зоирини тоҷик ин аст, ки онҳо дар меҳмонхонаҳои барҳавои Арабистони Саудӣ иқомат карда, аз хидматрасониҳои сатҳи баланд баҳраваранд.
Дар иттилоияи кумита таъкид шудааст, онҳо даҳ соли пеш аз хидматрасониҳои хайриявӣ даст кашида, аз хидматрасониҳое истифода доранд, ки дар сатҳи кишварҳои пешрафтае чун Туркияву Эрон, Русияву Қазоқистон ва Озарбойҷон аст.
Масъулини Кумитаи дин иқрор кардаанд, ҳамтоёни қирғизи онҳо воқеан ҳам тули чанд соли охир бо нархи арзонтаре сокинони худро ба зиёрати Хонаи Худо мефиристанд: “Қимати имсолаи сафари ҳаҷ барои зоирони Қирғизистон 2550 долларро ташкил медиҳад ва он нисбат ба дигар кишварҳои минтақа арзонтарин маҳсуб мешавад. Зеро ҳоҷиёни қирғиз ба таври ройгон дар маконҳои хайрия, ки шароити начандон муносиб барои будубош доштанду дар масофаи аз 10 то 15 км дур аз Ҳарам воқеъ буданд, сукунат мекарданд”.
Ин дар ҳолест, ки ба иддаои масъулини Ситоди ҳаҷҷи Кумитаи дин зоирини тоҷик дар маросими Ҳаҷ дар меҳмонсаройҳои барҳавои шаҳри Маккаву Мадинаи мунаввараи Арабистони Саудӣ иқомат мекунанд: “Ҳоҷиёни тоҷик дар меҳмонхонаҳои барҳавои Макка дар масофаи то 4 км аз Ҳарам иқомат менамуданд ва ин раванд идома дорад”.
Дар иттилоия сабаби дигари арзон будани сафари ҳаҷ барои зоирини қирғиз гарон набудани нархи сӯзишворӣ дар ин кишвар ва иҷро шудани қурбонӣ аз ҳисоби маблағи иловагии ҳар яки онҳо арзёбӣ мешавад: “Агар ҳоҷиёни қирғиз на аз ҳисоби маблағи умумии пардохтнамудаашон, балки иловатан аз ҳисоби худ қурбониро анҷом диҳанд, адои қурбонии ҳоҷиёни тоҷик ба воситаи Бонки исломии рушд аз ҳисоби маблағи умумӣ сурат мегирад. Аз ин лиҳоз, нархи хизматрасониҳо вобаста ба сатҳ ва сифати он аз ҳам фарқ мекунад. Яъне, азбаски хизматрасониҳои ҳоҷиёни тоҷик дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешаванд, табиист, ки он ба нархи умумии сафари Хонаи Худо таъсир мегузорад”.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд. Пардохти маблағи ҳаҷҷи соли гузашта дар соли гузашта 18 ҳазору 164 сомониву 92дирамро ташкил медод ва ба қавли мақомот ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо.
Дар ҳоле ки нархи сафари ҳаҷҷи имсола аз Кумитаи дин расман эълон нашудаасту бархе аз сокинон онро ҳудуди 23 то 24 ҳазор сомонӣ арзёбӣ мекунанд, дар Қирғизистон нархи сафари ҳаҷ 2 ҳазору 550 доллар эълон шудааст.