Сафири Тоҷикистон: Ба Покистон барқи тоза ва арзон интиқол хоҳем дод
Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон гуфтааст, бо амалӣ шудани тарҳи “CASA-1000” Душанбе ба Исломобод барқи тоза ва арзон интиқол медиҳад. Ин нуктаро ӯ дар суҳбат бо расонаҳои покистонӣ иброз доштааст.
Торнамои tribune аз қавли сафири тоҷик навиштааст, тарҳи “CASA-1000” 5 сол пеш як орзӯ буд, аммо ҳоло ба воқеият табил ёфтааст: “Мо аз тариқи ин тарҳ ба Покистон барқи тоза ва арзонро интиқол медиҳем”.
Ҷаноби Ҷононов дар ин суҳбат инчунин изҳор дошта, Тоҷикистон бо Афғонистон ва Покистон шартномаи тиҷоратӣ ба имзо мерасонад, ки ба афзоиши савдои ин кишварҳо мусоидат мекунад. Расонаҳо аз қавли сафир навиштаанд, соли сипаришуда ҳаҷми таболуди коло миёни Покистон ва Тоҷикистон 100 миллион долларро ташкил кардааст.
Шералӣ Ҷононов гуфта, Навоз Шариф - нахуствазири Покистон ба ҳамоиши байналмилалии об, ки 9-11 июн дар Душанбе баргузор мешавад, даъват шудааст. Ӯ қайд карда, 17 ширкати покистонӣ низ хостори иштирок дар ин конфаронс шудаанд: “Ин як паёми ҷомеаи ҷаҳонӣ барои мудирияти об хоҳад буд”.